Ҳамид Маҷидов
Ҳамид Маҷидов (15 июли 1946, деҳаи Истонӣ, ноҳияи Ҳисор) — доктори илмҳои техникӣ (1992), профессор (1994), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
Ҳамид Маҷидов | |
Таърихи таваллуд | 15 июл 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ҳисор , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | техникӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) |
Зиндагинома
вироишСоли 1966 факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба итмом расонда, дар аспирантураи ҳамин боргоҳи илму маърифат таҳсилро идома дод. Солҳои 1970—1987 ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент, 1987—1994 мудири кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 1994—1999 ноиби ректор оид ба таълиму илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1999—2007 декани факултаи тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2008—2009 сардори Депортаменти таълим, 2010—2012 мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ҳамин донишгоҳро ба уҳда дошт. Аз соли 2013 профессор-мушовири ҳамин кафедра мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишБобати гармигузаронии эфирҳои мураккаби кислотаю сирко дар фишор ва ҳароратҳои баланд, хосиятҳои гармо-физикии системаҳои донагӣ барои тақсим намудани сӯзишвориҳои моеъи яктаркиба истифодашаванда таҳқиқот анҷом дода, барои ченкунии хосиятҳои гармо-физикии моддаҳо дастгоҳи таҷрибавӣ ихтироъ намуда-аст. Бо ибтикораш лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии физикаи гармо ва физикаи молекулавӣ таъсис ёфта, баробари таҳқиқи хосиятҳои гармо-физикии ҷисмҳои сахт, моеъ ва газҳо ҳамчун мактаби омодасозии физикҳои ватанӣ шуҳрат ёфт. Теъдоди таълифоташ аз 200 мегузарад.
Осор
вироиш- Супоришҳо барои кори мустақилона аз физикаи молекулӣ. — Д., 1989;
- Асосҳои физикаи гармӣ. Васоити таълимӣ. — Д., 2001;
- Асосҳои физикаи квантӣ. — Д., 2002;
- Асосҳои механика, физикаи молекулӣ ва термодинамика. — Д., 2004;
- Консепсияҳои табиатшиносии муосир. — Д., 2007;
- Физика. Маҷмӯаи масъалаҳо ва намунаи ҳалли онҳо. — Д., 2007;
- Физика. — Д., 2008;
- Оптика ва физикаи квантӣ. Нишондоди методӣ. — Д., 2008;
- Электромагнитизм, оптика ва физикаи квантӣ. — Д., 2009;
- Газҳои реалӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт. — Д., 2010.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 331.