Мелиса Сёзен

ҳунарпешаи турк

Оиша Мелиса Сёзен (тур. Ayşe Melisa Sözen, тав. 6 июли 1985; Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк[1].

Мелиса Сёзен
тур. Melisa Sözen
Ном ба ҳангоми таваллуд: Ayşe Melisa Sözen
Таърихи таваллуд: 6 июл 1985(1985-07-06) (38 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1997-то ҳол
Самт: театр, синамо, телевизион
IMDb: ID 1489950

Зиндагинома вироиш

Мелиса Сёзен соли 1993 дар Истанбул таваллуд шудааст. Духтарак мактаби миёнаи Анатолиро хатм кардааст. Баъдтар дар донишгоҳи бонуфузи Коч санъати тасвириро омӯхтааст. Ғайр аз он, вай дар маркази санъати Мидат Гезен таҳсил кардааст.

Фаъолият вироиш

Вай бори аввал дар синни 14-солагӣ дар мюзикли "Ҳафт шавҳари Ҳурмуз" ба саҳна баромад. Вай дар Мактаби олии санъат маълумоти театрӣ гирифтааст. Соли 2001, ҳунарпеша дар филми экшнии "Ба ман муваффақият бихоҳ" нақш офарид ва аз ҷониби Чаған Ирмак коргардонӣ шудааст ва ба ин васила ба олами синамои калон ворид шуд.

Соли 2004 Мелиса Сёзен ба туфайли нақшаш дар силсилафилми "Asmalı Konak", ки коргардони он низ Чаған Ирмак мебошад, ба мардум шинохта шуд. Соли 2005 дар ҷашнвораи 16-уми Анқара вай бо коргардони машҳур Дарвеш Займ мулоқот кард. Пас аз чанд моҳ, Дарвеш Займ ҳунарпешаро барои иҷрои нақш дар филми "Cenneti Beklerken" даъват кард.

Дар соли 2008, вай лоиҳаи телевизионии худро бо номи "Bir Bulut Olsam" -ро роҳандозӣ кард, ки ба дили тамошобинон роҳ ёфт ва хеле маъмул гашт. Дар соли 2010 Мелиса Сёзен барои нақш дар филми триллерии "Мавсими шикор" ҷоизаи беҳтарин нақши занро гирифт. Дар соли 2011, вай дар силсилафилми таърихии "Асри муҳташам" нақши маҳбуби Шаҳзода Мустафо Афсун Хотунро иҷро кардааст. Ин нақш ҳунарпешар боз ҳам машҳуртар сохт. Дар соли 2014 вай нақши Ниҳолро дар драмаи "Benimle Var Mısın" бозид, ки дар ҷашнвораи Канн соҳиби ҷоиза шудааст.

Соли 2020 ҳунарпеша дар силсилафилми Алеф коргардони Эмин Алпер нақши Яшарро иҷро кард, ки Кенон Имирзалиоғлу ва Аҳмад Мумтоз Тайлон нақшҳои асосиро бозидаанд.

Соли 2020 нақши меҳмониро дар 11 қисми силсилафилми равонии "Утоқи сурх" (тур. Kirmizi Oda) нақши Олияро бозидааст ва нақшҳои асосиро дар ин лоиҳа Биннур Кая ва Тулин Озен бозидаанд.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

31 июли соли 2013, Мелиса бо ҳунарпеша Алиҷон Юҷесой издивоҷ кард; Ин ҷуфт 19 феврали 2014 ҷудо шуданд. Аз нимаи соли 2014 Мелиса бо овозхон Ҳорун Текин мулоқот мекунад[2][3].

Филмнома вироиш

Сол Филм Нақш Шарҳҳо
1997 Baba Evi Силсилафилм
2000 Aşk Güzel Şeydir Силсилафилм
2001 Bana Şans Dile Тубо Нақши дебюти дар синамо
2001 Nisan Yağmuru Нилуфар Силсилафилм
2001 Yeni Hayat Озгюр Силсилафилм
2002 Asmalı Konak Иҷро меҳмонӣ
2002 İçerideki Зайнаб Филми хурд
2003 Büyümüş De Küçülmüş Шабнам Силсилафилм
2003 Şıh Senem Духтари Шиҳ Санам Силсилафилм
2003 Şarkılar Seni Söyler Фатош Силсилафилм
2003 Okul Ҷида Филм
2004 Kayıp Aşklar Нармин Силсилафилм
2004 Çemberimde Gül Oya Фариҳа Силсилафилм
2004 O Şimdi Mahkum Айлин Филм
2005 Beşinci Boyut Зани соҳибкор Силсилафилм
2005 Cenneti Beklerken Лайло Фмлм
2005 Deli Mavi / İşte Öyle Bir Şey Лора Филм
2005 Çarpışma Зане ки ҷомадонашро дуздидаанд Филми хурд
2006 İade-i Ziyaret Ҷонсу Филми хурд
2006 Eve Giden Yol 1914 София Филм
2006 Azap Yolu Бурҷу Силсилафилм
2006 Kabuslar Evi: Seni Beklerken Муқаддас-Эҷе Силсилафилм
2007 Hakkını Helal Et Ғамза Силсилафилм
2007 Bıçak Sırtı Нисан Эртуғрул Силсилафилм
2008 Para=Dolar Филм
2009 Bir Bulut Olsam Норин Булут Силсилафилм
2009 Casus Kızlar Иҷлосия
2010 Av Mevsimi Осия Филм
2010 Güneydoğu'dan Öyküler Önce Vatan Айлин Солмаз Силсилафилм
2010 Ҳомиён Пинор Буйюк Силсилафилм
2011 Reis Оиша Силсилафилм
2012 Асри муҳташам Нора(Афсун) Силсилафилм
2012 Pazarları Hiç Sevmem Deniz Филм
2012 Şubat Яғмур & Сабоҳ Силсилафилм
2014 Analı Oğullu Эҷе Силсилафилм
2014 Kış Uykusu Ниҳол Филм
2014 Benimle Var Mısın Филм
2015 Bir Varmış Bir Yokmuş Наҳр Филм
2015 Beş Kardeş Фахрия Силсилафилм
2016 Hayat Şarkısı Ипак Силсилафилм
2017 Le Bureau des légendes Эсрин Силсилафилм
2017 Çember Ипак Эрйилмаз Силсилафилм
2017 7 Yüz Силсилафилм
2018 Babamın Günahları Ешим Силсилафилм
2019 Damien veut changer le monde Салмо Филм
2020 Alef Яшар Силсилафилм
2020 Kırmızı Oda Алия Силсилафилм

Нигаред низ вироиш

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш