Мироҷиддин Ҳакимов

(Тағйири масир аз Меҳроҷиддин Ҳакимов)

Мироҷиддин Ҳакимов (Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович; 31 октябри 1967, деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — ҳуқуқшинос, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм[1]. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV.

Мироҷиддин Ҳакимов
Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович
Таърихи таваллуд 31 октябр 1967(1967-10-31)
Зодгоҳ деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Падар Дӯстмурод Ҳакимов
Ҷоизаҳо

медали «Ҷасорат»

Зиндагинома

вироиш

Мироҷиддин Ҳакимов 31 октябри соли 1967 дар деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Солҳои 1989 — 91 ассистенти кафедраи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и факултети ҳуқуқшиносӣ, 1991 — 93 аспиранти Университети давлатии Тоҷикистон, 1993 — 94 прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти дохилию берунӣ ва муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994 — 97 прокурори ҳарбии Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва аз моҳи март то майи 1997 покурори ҳарбии шуъбаи назорати судии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997—2003 муовини сардор ва 2003 — 10 сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Файзобод № 11 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, узви гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги Германия ва гурӯҳи Парлумонии САҲА мебошад.

Ҷоизаву унвонҳо

вироиш

Бо медали «Ҷасорат» ва унвони «Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3»[1] сарфароз гардидааст.

Нигаред низ

вироиш

Акбар Ҳакимов

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш