Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Ишкошим» 2 феврали соли 2009 таъсис ёфтанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғара масоҳати умумии 521 гектар ва Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим 200 гектарро фаро мегирад.
Ҳаҷми сармояи мустақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 - 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.
Сохтмони се иншооти бузург — корхонаҳои сементбарорӣ, кафелбарорӣ ва шишабарорӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-и ноҳияи Данғара мебошанд. Корхонаи сементбарорӣ дар минтақаи мазкур дар масоҳати 20,8 гектар замин ва бо харҷи 1 миллиард сомонӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи корхонаи бунёдшаванда 1,6 миллион тонна сементро ташкил дода, маблағи фурӯши солонаи маҳсулот ба 775 миллион сомонӣ расонида мешавад. Ба сохтмони корхона 150 нафар ҳамватанонамон ҷалб шуда, баъди ба фаъолият шурӯъ кардан дар маҷмӯъ 800 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» соли 2015 5 субъект ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Оид ба истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки соли 2015 аз ҷониби ҳамаи субъектҳо ба маблағи 57,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 55 миллион сомонӣ, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2,5 миллион сомонӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» беш аз 103 ҳазор сомонӣ рост меояд.[1]
МОИ-ӣ Тоҷикистон дар соли 2020
вироиш19 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир (январи соли 2021) ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.[2]