Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» — дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун бо масоҳати умумии 400 гектарро фаро мегирад.
Таърих
вироишТаъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 2008 оғоз гардид. Соли 2015 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» ба тасвиб расид.
Мутобиқи банди якуми қарори мазкур Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир бо масоҳати умумии 400 гектарро фаро мегирад.
Ҳаҷми сармояи мустақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 - 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.
Аз 9 субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» соли 2015 2 субъект ба фаъолият шурўъ кардааст.[1]
= МОИ-ӣ Тоҷикистон дар соли 2020
вироиш19 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир (январи соли 2021) ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ [ http://sadoimardum.tj/i-tisod/minta-a-oi-ozodi-i-tisod-olat-fa-oliyat-va-durnamo/ Минтақаҳои озоди иқтисодӣ: ҳолат, фаъолият ва дурнамо]
- ↑ Дар минтақаҳои озоди иқтисодиҳои Тоҷикистон 72 корхона фаъолият мекунанд /halva.tj/ 19.02.2021