Миралӣ Раҷабзода
Миралӣ Раҷабзода (17 октябри 1959, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — агроном, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърихи таваллуд: | 17 октябр 1959 (65 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Институти давлатии педагогии Душанбе, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМиралӣ Раҷабзода 17 октябри соли 1959 дар хонадони тоҷик дар ноҳияи Орҷонкидзеобод таваллуд шудааст. Соли 1982 Институти давлатии педагогии Душанбе ва соли 2001 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: биология-химия, агрономия.
Корнома
вироиш- 1976—1982 — мудири китобхонаи Ҷамоати Туғмазори шаҳри Норак; Солҳои 1982-1989-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и ноҳияи Кофарниҳон;
- 1989—1990 — мудири шуъбаи кадрҳои совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
- 1990—1993 — мудири хоҷагии совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
- Соли 1993 — раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
- 1993—1996 — директори совхози «Шӯҳрат»-и ноҳияи Кофарниҳон;
- 1996—2000 — раиси колхози «Боғпарвар»-и шаҳри Норак;
- 2000—2005 — раиси Шӯрои ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Боғпарвар»-и шаҳри Норак;
- 2005—2008 — раиси кумитаи заминсозии шаҳри Норак;
- 2008—2011 — муовини раиси шаҳри Норак;
- 2011—2013 — муовини якуми раиси шаҳри Норак;
- 2013−2015 — раиси шаҳри Норак;
- 2015—2021 — Раиси ноҳияи Файзобод.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.[1]
Ҷоизаҳо
вироишСоли 2013 бо медали Хидмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раҷабзода Миралӣ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.