Мирамони Деҳлавӣ
Мирамони Деҳлавӣ (қарни XVIII — қарни XIX) — нависанда ва тарҷумони аҳли Ҳинд.
Зиндагинома
вироишАз оилаи яке аз ашрофони Деҳлӣ. Дар Калкатта солҳои 1801—1806 забони ҳиндустониро ба инглисизабонон дарс медод. Дар тайёр намудани китобҳои дарсӣ иштирок менамуд. Китоби «Чор дарвеш»-ро аз форсӣ бо унвони «Боғу баҳор» (1802) ва «Ахлоқи Муҳсинӣ»-ро бо номи «Ганҷи хубӣ» ба лаҳҷаи гуфтугӯии шаҳри Деҳлӣ тарҷума намудааст. Мирамони Деҳлавӣ дар тарҷумаи ин китоб кӯшидааст, ки сабки тумтароку пуртакаллуфи насри урдуро ба забони зиндаи гуфтугӯӣ наздик кунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Мирамони Деҳлавӣ / И. Нуров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).