Мирзоалии Табрезӣ
(Тағйири масир аз Мирзоалии Мусаввир)
Мирзоалии Табрезӣ (тақрибан 1510, Табрез — на дертар аз 1576) — мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик, фарзанди Султонмуҳаммади Табрезӣ.
Таърихи таваллуд | тақрибан 1510 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | на дертар аз 1576 |
Мамлакат: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Матни унвон
вироишСанъати наққошиву хаттотиро аз падар омӯхт. Мирзоалии Табрезӣ дар манзаранигорӣ офаридаҳои зиёде дорад. Ороиши «Лавоеҳ»-и Ҷомӣ, як нусхаи «Хамса»-и Низомӣ ба қалами ӯ мансубанд. Махсусан минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ аз ҷиҳати гуногунии мавзӯъ, рангораигии тасвир, услуби нигориши воқеот қобили қайданд (минётурҳои «Нишон додани Шопур акси Ширинро ба Хусрав», «Ҳунарнамоии Борбад дар ҳузури Хусрави Парвиз»). Ин асарҳо дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтыков-Щедрин ва Китобхонаи Бритониё (Лондон) маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Мирзоалии Табрезӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).