Мирзоалӣ Чангии Самарқандӣ (1516/18, Миёнколот — 1589, Бухоро) — мусиқидон, навозанда ва шоири форс-тоҷик, падари Дарвешалии Чангӣ.

Мирзоалии Чангӣ
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Дар Миёнколоти Самарқанд дар оилаи донишманд таваллуд ёфта, дар ҷавонӣ ба Самарқанд омад. Аз падараш илмҳои фалсафа, ахлоқ, шеъру мусиқӣ, ах Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ таркиботи мусиқиро мукаммал омӯхт. Мирзоалии Чангии Самарқандӣ дар навохтани созҳои мусиқии чанг, қонун, барбат, танбӯр ва сурудхонӣ ба дараҷаи санъаткорони машҳури замонаш расид Мирзоалии Чангии Самарқандӣ дар бораи чанг рисолае таълиф намуд ва ин сози мусиқиро ҳарҷониба тадқиқ карда, ба устоди худ Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ бахшид. Ба писараш — Дарвешалии Чангӣ пешаи худро омӯзонида, дар таълифи рисолаи ӯ «Туҳфату-с-сурур» ҳаматарафа кумак расонидааст. Мирзоалии Чангии Самарқандӣ дар иншои шеър низ соҳибзавқ буда, девоне мураттаб кардааст. Ҳабиби Чангӣ, Маҳмуди Чангӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошаид.

Адабиёт

вироиш
  • Мирзоалии Чангии Самарқандӣ / А. Раҷабов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).