Мирзоаҳмади Камонча

Мирзоаҳмади Камонча (форсӣ: میرزا محمد کمانچه‎; ? — 1554) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда ва шоири форс-тоҷик.

Мирзоаҳмади Камонча
Кишвар

Зиндагинома вироиш

Ҳунари мусиқиро дар зодгоҳаш Ҳирот омӯхта, бо бародараш ба Ҳиндустон рафт ва он ҷо муддати дароз зиндагӣ кард. Аз санъаткорони Ҳинд нозукиҳои мусиқиро омӯхт. Дар назарияи мусиқӣ низ пешдасти замони худ гардид. Аз созҳои мусиқӣ ғижжакро накӯ навохта, бо номи «Камонча» шӯҳрат ёфт. Шеъру рубоиро накӯ месурудааст. Ба маномҳои «Ушшоқ», «Наво» таснифоти зиёде, мисли «Пешрави Камонча», «Амали Камонча», «Савти Камонча» эҷод кардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мирзоаҳмади Камонча / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).