Мирзомурод Ҳошимзода
Мирзомурод Ҳошимзода (10 ноябри 1946, Ӯротеппа, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 25 апрели 2016) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ, шаҳрванди фахрии шаҳри Истаравшан.
Мирзомурод Ҳошимзода | |
Таърихи таваллуд: | 10 ноябр 1946 |
Зодгоҳ: | шаҳри Истаравшан, вилояти Суғд, Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 25 апрел 2016 (69 сол) |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Зиндагинома
вироишШоир ва адиби меҳандӯсту ваҳдатсаро, шодравон Мирзомурод Ҳошимзода 10 ноябри соли 1946 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби ба номи А.М. Горкий гирифта, факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинободро соли 1969 бо муваффақият хатм намуд ва ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби ба номи О.Лутфӣ дар шаҳри Истаравшан ба фаъолият оғоз кард. Баъдан ба ҳайси раиси Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳо, муовини раиси шаҳри Истаравшан хидмат кардааст. Тӯли зиёда аз бист сол сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Истаравшан» буд.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2000-ум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Истаравшан аз 23 сентябри соли 2002, Мирзомурод Ҳошимзода барои маҷмӯаҳои «Чархи гардон», «Ғазалпайванд» ва «Ту барои ман ба дунё омадӣ» ба унвони барандаи ҷоизаи Ҳукумати шаҳри Истаравшан ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ сарфароз гардонида шуд. Барои саҳми шоиста дар рушди адабиёти муосири тоҷик, фарҳанг ва матбуот, баланд бардоштани маънавиёти мардум, аз 21 ноябри соли 2006 сазовори унвони “Шаҳрванди фахрии Истаравшан” гаштааст.
Эҷодиёт
вироишБа эҷоди шеър аз солҳои ҳафтодум шуғл варзида, аввалин чакидаҳои қалами ӯ дар рӯзномаҳои «Паёми Истаравшан», «Ҳақиқати Ленинобод», «Овози тоҷик», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Хорпуштак», «Фирӯза», «Фарҳанг» чоп гардидааст.
Намунаи шеърҳои М. Ҳошимзода дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Навсафар» (Душанбе), «Сурудҳои Наимҷон Маҳкам» (Душанбе), «Аҳрорнома» (Душанбе), «Гулафшон», «Дастагул» (Истаравшан) ва ғайраҳо дохил гардидаанд.
Маҷмӯаҳои М. Ҳошимзода «Ҳамроз», «Ганҷина», «Ғазалпайванд», «Ту барои ман ба дунё омадӣ», «Чархи гардон», «Ишқи сархӯр», «Меҳрубонам шав», «Гирдоби хаёл», «Хонадомод», «Худафрӯзӣ» дар солҳои гуногун нашр гаштаанд. Муаллифи очеркҳои «Бузургмард», «Ман ҳам барои Ватан ҷангидаам», «Чанори сабз», «Шаҳди Ғалаба», «Шогирдонам — дилу ҷонам» ва ғайраҳо аст. Шеърҳои шоир дар мавзӯъҳои Ватан, Тоҷикистон, Модар, худшиносии миллӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми ҷавонӣ ва ишқу муҳаббати поки беолоиш эҷод гардиданд. Ҳофизон бештари шеърҳои ӯро ба оҳанг ҷӯр намуда ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ва вилоят месароянд. Шеърҳо ва қиссаҳои адиб ҳар сол чандин маротиба бо воситаи гуфторҳои адабии радиои тоҷик шунавонида мешавад.
Адиб аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1990 узви рӯзноманигорони Тоҷикистон аст. Барандаи Ҷоизаи адабии Зуфархон Ҷавҳарӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баёзи адибони Истаравшан — Душанбе: «Эҷод», 2009. — 288 саҳ.