Мирзохоҷа Пиров (тав. 7.09.1943, дар деҳаи Ғавосиёни ноҳияи Рашт) — олим, номзади илмҳои педагогика (1982), дотсент.

Мирзохоҷа Пиров
Мирзохоҷа Пиров
Таърихи таваллуд 7 сентябр 1943(1943-09-07) (81 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1959– 1962 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навобод таҳсил намудааст. Солҳои 1962–1964 муаллими синфҳои ибтидоии деҳаи Вардучи ноҳияи Рашт, 1964–1968 донишҷӯи факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, 1968–1972 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби №1 ноҳияи Рашт, 1972–1975 аспиранти кафедраи адабиёти тоҷик, 1976–2002 муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 2002–2007 директори филиали ғоибонаи донишгоҳи омӯзгорӣ дар минтақаи Рашт буд. Ҳамчун ҷонишини директори филиали мазкур оид ба корҳои илмӣ фаъолият мекард. Оид ба таълими жанрҳои фолклорӣ дар синфҳои 5-6 кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 70 мақолаҳои илмию методӣ ва 6 китобча оид ба ҳаёт ва фаъолияти 6 нафар омӯзгорони беҳтарини ноҳияи Рашт мебошад. Яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти Ватан» барои синфҳои 5 ва 6-уми мактабҳои Тоҷикистон аст.

  • Методикаи таълими жанрҳои фолклорӣ дар синфҳои 5-6, Д., 1984.

Пайвандҳо

вироиш