Мирзоҳусайни Танбӯрӣ
Мирзоҳусайни Танбӯрӣ (? — 1581, Бухоро) — оҳангсоз, танбӯрӣ, мусиқидон ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Бухоро. Санъати мусиқиро аз падараш омӯхт. Аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани шеъру мусиқӣ, сарфу наҳв, ахлоқ, фалсафа ва дигар илмҳо машғул шуд. Махсусан ба санъати мусиқӣ ва омӯхтаии таркиботи он бештар шуғл варзид. Дар навохтани танбӯр устоди замона гардид. Мирзоҳусайни Танбӯрӣ барои такмили ҳунар ба шаҳрҳои Самарқанд, Ҳирот, Насаф сафар карда, амалияву назарияи мусиқиро аз худ менамояд. Дар Самарқанд ба Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Амир Алиакбари Қонунӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо карда, назарияи санъати мусиқиро омӯхта, рисолае бо номи «Буҳуру-л-алҳон ва арӯз» тартиб додааст, вале мутаассифона он то замони мо Мирзоҳусайни Танбӯрӣ нарасидааст. Мирзоҳусайни Танбӯрӣ муаллифи асарҳои зиёди мусиқӣ, мисли «Савти Танбӯрӣ», «Гардуни Танбӯрӣ», «Мухаммаси Танбӯрӣ», «Пешрави Танбӯрӣ» ҳисоб меёбад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Мирзоҳусайни Танбӯрӣ / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).