Мирзо Аҳмадзода

(Тағйири масир аз Мирзо Аҳмадов)

Мирзо Аҳмадзода (Мирзо Аҳмадов; тав. 13 майи 1930, Падроғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вилояти Суғд ваф. 5 апрел, 2018 ) — адабиётшинос ва шарқшиниси тоҷик. Доктори илми филология (1996), профессор (2007). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995).

Мирзо Аҳмадзода
Таърихи таваллуд 13 май 1930(1930-05-13)
Зодгоҳ Кӯҳистони Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 5 апрел 2018(2018-04-05) (87 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан, 1950)
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1956)
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995)

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи марди донишманд ва шоирпеша Аҳмад Мираминзода. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан, 1950) ва Универститети Давлатии Тоҷикистон (1956). Муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1956-58), ходими хурди илмӣ (1958), аспирант (1958-61), ходими илмӣ (1961-63) ва ходими калони илмии Шуъбаи шарқшиносии АИ ҶТ (1963-68), дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик (1968-78), омӯзгор ва декани факултети таъриху филология, баъдтар декани факултети филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ; 1978—1986) буд. Аз соли 1987 мушовири кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Мақолаҳои илмиаш аз соли 60 садаи XX чоп шудаанд. Мирзо Аҳмадзода зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, рисолаҳо доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик таълиф намудааст. «Дарвеши Деҳакӣ» (1967), «Усули таълими ҳаёт ва эҷодиёти Ҳусайн Воизи Кошифӣ» (1969), «Хоҷа Осафи Ҳиравӣ» (1971), «Аҳаммияти „Нафаҳоту-л-унс“ барои омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти шоирони форс-тоҷик» (1979) ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Мирзо Аҳмадзода дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти адиб ва мутафаккири садаи XV-и форс-тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ саҳми арзанда дорад. Ҳаёт ва эҷодиёти ин шахсиятро таҳқиқ намуда, бадин васила масъалаҳои ахлоқи ҳамида, усулҳои давлатдорӣ ва ғайраро матраҳ намудааст. Мирзо Аҳмадзода мураттиби мунтахаби ашъори Шавкати Бухороӣ, Убайди Зоконӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Дарвеши Деҳакӣ, Аҳмад Мираминзода ва дигарҳо мебошад.

  • Дарвеши Деҳакӣ, Д., 1967
  • Шавкати Бухороӣ // дар кит. Гулшани адаб. ҷ. 4, Д., 1967
  • Шавкати Бухороӣ. Ашъори мунтахаб, Д., 1968
  • Убайди Зоконӣ // дар кит. Гулшани адаб. ҷ. 2, Д., 1975
  • Адиб Собири Тирмизӣ // дар кит. Гулшани адаб. ҷ.1, Д., 1976;
  • Анвори Суҳайлӣ. Дурдонаҳои наср, Д., 1991
  • Футуватномаи султонӣ. Дурдонаҳои наср, Д., 1991
  • Одобу насҳоб. Дурдонаҳои наср, Д., 1991
  • Насри ахлоқӣ-бадеии Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Қ. 1, Д., 1994
  • Фахриддин Алии Сафӣ, Д., 1998
  • Мулоаҳмадов Мираминзода. Девони ашъор, Д., 1999
  • Насри ахлоқӣ-бадеии Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Қ.2, Д., 2004
  • Ахлоқи ҳамида ва дастури давлатдорӣ, Д., 2006

Ҷоизаҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш