Михаил Горбачёв

(Тағйири масир аз Михаил Горбачев)

Михаил Сергеевич Горбачёв (2 март 1931[3][4][5][…], Приволное[d], қаламрави Қафқози Шимолӣ[d], ҶШФСР[d], ИҶШС30 август 2022[6][7], Маскав, Маскав, Русия[8]) — ходими ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия. Охирин Котиби генералии КМ ҲКИШ (1985—1991).

Михаил Сергеевич Горбачёв
русӣ: Михаил Сергеевич Горбачёв
15 марти соли 1990 — 25 декабри соли 1991а[1]
Ноиби президент Геннадий Иванович Янаев
(то 4 сентябр соли 1991)
Пешгузашта вазифа барҳам хурд
Ҷонишин вазифа вазифа барҳам хурд
25 майи соли 1989 — 15 марти соли 1990
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт; ӯ худ ҳамчун Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС
Ҷонишин Лукьянов, Анатолий Иванович
1 октябри соли 1988 — 25 майи соли 1989
Пешгузашта Андрей Андреевич Громыко
Ҷонишин вазифа упразднена; ӯ худ ҳамчун раиси Шӯрои Олии ИҶШС
11 марти соли 1985 — 24 августи соли 1991
Пешгузашта Константин Устинович Черненко
Ҷонишин Владимир Антонович Ивашко (и.в.)
парчам
Котиби якуми Кумитаи ҳизбии кишвари Ставропол
10 апрели соли 1970 — 4 декабри соли 1978
Пешгузашта Леонид Николаевич Ефремов
Ҷонишин Всеволод Серафимович Мураховский
Пешвои ҲСДР
24 ноябри соли 2001 — соли 2004
Пешгузашта вазифа барҳам хурд
Ҷонишин Владимир Николаевич Кишенин ҳамчун раис
Таваллуд 2 март 1931(1931-03-02)[3][4][5][…]
Даргузашт 30 август 2022(2022-08-30)[6][7] (91 сол)
Мадфан
Падар Горбачёв Сергей Андреевич (1909-1976)
Модар Гопкало Мария Пантелеевна (1911-1993)
Ҳамсар Раиса Максимовна Горбачёва (Титаренко) (аз 1953 то 1999)
Фарзандон Ирина Горбачёва (Вирганская)
Ҳизб 1) ҲКИШ (1952—1991)
2) ҲСДМР (2000—2001)
3) ҲСДР (2001—2007)
4) ССД (аз 2007)
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илм
Фаъолият сиёсат[10], economic reform[d][10], democratization[d][10], Бозсозӣ[10] ва political reform[d][10]
Эътиқод атеизм[2]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Order of St. Andrew the Apostle the First-Called Ордени Шараф ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For Strengthening of Brotherhood in Arms" Medal "In Commemoration of the 1500th Anniversary of Kyiv" Ordre des Arts et des Lettres Collar of the Order of the White Lion Grand cross of the Order of the White Lion Commandeur des Arts et des Lettres‎ Grand Cross Special Class of the Order of Merit of the Federal Republic of Germany Order of Merit of the Federal Republic of Germany ордени Шери сафед Order of Saint Agatha Order of Liberty Grand Cross of the Order of Liberty Order of Christopher Columbus
Ҷоизаи сулҳи Нобел

honorary citizen of Berlin[d] (9 ноябр 1992)

Princess of Asturias Award for International Cooperation
Philadelphia Liberty Medal

Free Your Mind[d] (2008)

North–South Prize[d]

Alexander Men Prize[d]

Ronald Reagan Freedom Award

Delta Prize for Global Understanding[d]

Champions of the Earth[d] (2006)

Harvey Prize[d] (1992)

Otto Hahn Peace Medal[d] (1989)

Golden Plate Award[d]

Global Economy Prize[d] (2015)

ҷоизаи Гравемайер[d] (1994)

Grammy Award for Best Spoken Word Album for Children

honorary doctor of the University of Madrid Complutense[d] (1990)

honorary citizen of Košice[d] (2018)

Honorary doctor of the University of Liège[d]

honorary doctor of the University of Münster[d]

honorary doctor of the University of Tromsø[d]

Point Alpha Prize[d] (2005)

German Environmental Prize[d] (2010)

Franz Josef Strauss Award[d] (2011)

Osgar[d] (2005)

Osgar[d] (2009)

Financial Times Person of the Year[d] (1985, 1989)

Dr. Friedrich Joseph Haass-Preis[d] (2007)

Princess of Asturias Awards Ҷоизаи Грэммӣ

Acqui Award of History[d]

Marion Dönhoff Award[d]

Indira Gandhi Peace Prize[d] (1987)

Golden Doves for Peace[d] (ноябри 1989)

Albert Einstein Peace Prize[d] (июни 1990)

Honorary doctorate from the Sorbonne University Paris[d] (12 декабр 2001)

Вебгоҳ gorby.ru(рус.)(англ.)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи деҳқон. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Маскав (1955) ва Институти хоҷагии қишлоқи Ставропол (1967, ғоибона).

Фаъолияти ҳизбӣ

вироиш

Солҳои 1956—1962 котиби якуми Кумитаи комсомоли шаҳри Ставропол, котиби дуввум ва котиби якуми Кумитаи комсомоли кишвари Ставропол. Солҳои 1966—1970 котиби якуми Кумитаи партиявии шаҳри Ставропол, котиби дуввуми Кумитаи партиявии кишвари Ставропол. Солҳои 1970-78 котиби якуми Кумитаи партиявии кишвари Ставропол. Аз ноябри 1978 котиби КМ ҲКИШ ва аз соли 1980 узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ. Солҳои 1985—1991 Котиби генералии КМ ҲКИШ. Михаил Горбачёв дар ин вазифаи масъулиятнок барои пешгирии буҳрони иқтисодии мамлакат барномаи афзоиши маҳсулнокии меҳнат, таҷдиди технологияи соҳаҳои муҳимми истеҳсолот ва афзунсозии даромади миллиро пешниҳод кард. Аммо коҳишёбии нархи ҷаҳонии нафт ва филиззот тайи солҳои 1985—1986 иҷроиши ин барномаро номумкин сохт.

Бозсозӣ

вироиш

Бо ташаббуси Михаил Горбачёв дар Анҷумани 27 ҲКИШ(феврал-марти 1986) барномаи мукаммали ислоҳот, бозсозии идоракунии иқтисодиёт ва роҳ кушодан ба фаъолияти хусусӣ баррасӣ гардид. Дар замони бозсозӣ аз соли 1986 озодии сухан ва матбуот вусъат ёфта, шумораи ҷамъияту иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ афзуданд, робита бо кишварҳои хориҷӣ тавсеа пайдо кард. Аз ибтидои соли 1987 Михаил Горбачёв барои нав кардани кадрҳои ҳизбӣ шурӯъ намуд, ки беш аз 70 дарсади ҳайати аъзоёни Бюрои сиёсӣ, 70 дарсади котибони ҳизбии кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва 60 дарсади котибони кумитаҳои вилоятии ИҶШС иваз шуданд. Ислоҳоти иқтисодӣ ба таҳкими бахши хусусӣ мусоидат карда, соли 1990 шумораи кооперативҳо ба 245 ҳазор ва бонкҳои тиҷоратӣ ба 224 адад расид. Вале беқурбшавии пул, камчинии маҳсулоти хӯрокворӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал боиси буҳрони шадид дар мамлакат гардид. Дар натиҷа пояҳои ҳукумати марказӣ коҳида, вокунишҳои миллӣ ва кӯшишҳои истиқлолхоҳӣ афзуданд ва то ҳадди ошӯбу хунрезиҳо рафта расиданд (ҳодисаҳои Қарабоғ, Сумгаит, Боку, Тбилиси, Вилнюс), ки мисоли он дар Тоҷикистон воқеаҳои февралии 1990 шуда метавонад. Зимни ислоҳоти сохтори сиёсӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Олии ИҶШС Михаил Горбачёв 1 октябри соли 1988 раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва 25 майи 1989 бо гирифтани овози зиёд Раиси Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардид. Гурӯҳи мухолифони Михаил Горбачёв дар атрофи Б. Н. Елсин муттаҳид шуда, 12 июни соли 1990 дар анҷумани депутатҳои халқи РСФСР Декларатсияи истиқлоли давлатии Руссияро қабул карданд. Бо ташаббуси Михаил Горбачёв барои нигоҳ доштани ИҶШС референдум (17 марти 1991) гузаронида шуд, ки 76 дарсади аҳолии мамлакат онро ҷонибдорӣ карданд. Имзои Шартномаи Иттифоқи ҷумҳуриҳои мустақил 20 сентябри соли 1991 мавқуф гузошта шуд, вале бинобар балвои августии соли 1991 ин санад баррасӣ нагардид. Борис Елтсин аз 23 августи соли 1991 фаъолияти ҲКИШ-ро дар ҳудуди РСФСР манъ кард. 24 августи соли 1991 Михаил Горбачёв аз гирифторӣ дар Фароси Қрим раҳида, ба Маскав баргашт ва аз вазифаи Котиби генералии КМ ҲКИШ истеъфо дод. Кӯшишҳои минбаъдаи Михаил Горбачёв барои дубора баррасӣ намудани имзои Шартномаи Иттифоқи ҷумҳуриҳои мустақил бенатиҷа монд. 18 декабри соли 1991 сарони давлатҳои РСФСР, Украина ва Белоруссия шартномаи Беловежскро дар бораи пароканда кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақил имзо карданд.

Истеъфо

вироиш

Баъди аз мақоми Президенти ИҶШС 24 декабри соли 1991 истеъфо доданаш аз соли 1992 президенти Фонди байналхалқии таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ (Фонди Горбачёв) мебошад. Дар давраи Михаил Горбачёв ҷанги Афғонистон (1989) боздошта шуд ва Ҷумҳурии Олмон (1990) муттаҳид гардид. Робитаҳои хориҷӣ бо Британияи Кабир, Хитой, ИМА беҳтар шуд.

Ҷоизаҳо ва медалҳо

вироиш

Барандаи Ҷоизаи Нобел барои сулҳ (1990). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Револютсияи Октябр, чандин ордену медалҳои дигар сарфароз шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Пияшев Н. Ф. М. С. Горбачёв… кто он? М., 1995.

Сарчашма

вироиш


  1. С 19 августа по 21 августа 1991 года Горбачёв был фактически отстранён ГКЧП от исполнения обязанностей Генерального секретаря и Президента СССР; Шаблон:Нет АИ2, и. о. Президента СССР — Вице-президент Г.И. Янаев.
  2. Горбачев остается атеистом, хотя и крещен в православии при рождении // Интерфакс-Религия
  3. 3.0 3.1 Горбачёв Михаил Сергеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. 4.0 4.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  5. 5.0 5.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  6. 6.0 6.1 Mikhail Gorbachev, Soviet Leader Who Ended Cold War, Dies at 91 (ингл.) // Bloomberg.com — 2022.
  7. 7.0 7.1 https://www.washingtonpost.com/obituaries/2022/08/30/mikhail-gorbachev-soviet-leader-dies/
  8. 8.0 8.1 https://www.bloomberg.com/news/articles/2022-08-30/russian-media-ex-soviet-leader-mikhail-gorbachev-dead-at-91
  9. Aftonbladet (швед.)Schibsted, 1830. — ISSN 1103-9000; 1403-9656
  10. 10.0 10.1 10.2 10.3 10.4 Чешская национальная авторитетная база данных