Мишел Уотерсон

(Тағйири масир аз Мишел Вотерсон)

Мишел Уотерсон (англ. Michelle Waterson; 6 январи соли 1986, Колорадо Спрингс, иёлати Колорадо, ИМА) — варзишгари номдори амрикоӣ, муборизи ҳунарҳои размии омехта, амалкунанда таҳти сарпарастии UFC дар вазни сабуктарин.

Мишел Уотерсон
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс зан
Ном ба ҳангоми таваллуд англ. Michelle E. Waterson
Лақаб The Karate Hottie[1]
Кишвар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ИМА
Тахассус муҳорибаҳои омехта
Бошгоҳ Jackson Wink MMA Academy[d]
Зодрӯз 6 январ 1986(1986-01-06)[2] (38 сол)
Зодгоҳ Колорадо Спрингс, Колорадо, ИМА
Қад 160[1]
Вазн 47[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Мишел Уотерсон дар шаҳри Колорадо Спрингси иёлати Колорадо (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) таваллуд шуд ва дар шаҳри Орора (англ. Aurora) калон шуд. Миллаташ таиланд мебошад. Соли 2004 пас аз хатми мактаби миёна фаъолияти кории худро ба ҳайси модел оғоз намуд[3]. Дар ҳамин давра ба донишгоҳи Денвер (англ. University of Denver) дохил мешавад, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ дарк менамояд, ки ӯ ба варзиши ҳунарҳои размии омехта машғул шудан мехоҳад[4]. Вақте ки Мишел 19 сола буд, ӯ қарор дод, ки донишгоҳро тарк кунад ва варзишгари касбӣ шавад[5]. Аз соли 2007 шурӯъ карда, ӯ ба муҳорибаҳои омехта машғул мешавад. Соли 2013 қаҳрамонзани ширкати Invicta FC шуд[6][7]. Аз рӯи Fight Matrix Мишел Уотерсон яке аз муборизони беҳтарини ҷаҳон ба шумор меравад[8][9]. Аз соли 2015 ӯ амалкунанда таҳти сарпарастии UFC мебошад[3]. Ба ҳолати соли 2018 мақоми ҳафтуми рейтинги расмиро дар миёни беҳтарин ҷангиёни UFC дар сабуктарин вазн мегирад.[10].

Ҳаёти оилавӣ вироиш

Оиладор[3], соҳиби як духтар мебошад[1].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Мишель Уотерсон(рус.). MMASport.ru. 11 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2018.
  2. ČSFD (чеш.) — 2001.
  3. 3.0 3.1 3.2 Американская модель-каратистка стала бойцом UFC(рус.). Lenta.ru (29 апреля 2015). 11 августи 2018 санҷида шуд.
  4. Fighter profile: Michelle Waterson(англ.). UFC. 11 августи 2018 санҷида шуд.
  5. Michelle Waterson(англ.). WME Speakers. 11 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 Январ 2018.
  6. Jordan Breen. 'Cyborg' Savages Muxlow, 'Karate Hottie' Crowned Via Dramatic Submission at Invicta FC 5. Sherdog.com (5 апрели 2013). 12 апрели 2013 санҷида шуд.
  7. Invicta FC 5 Results: Michelle Waterson, Barb Honchak Win Titles. MMARising.com (6 апрели 2013). 12 апрели 2013 санҷида шуд.
  8. Current MMA Rankings » Women’s Strawweight(англ.). www.fightmatrix.com. 30 июни 2017 санҷида шуд.
  9. Fighter Profile : Michelle Waterson(англ.). www.fightmatrix.com. 30 июни 2017 санҷида шуд.
  10. Fighter Rankings | UFC ®(англ.). UFC. 11 августи 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш