Монӣ (тақрибан 14 апрел 216, Тайсафун, Шоҳаншоҳии Ашконӣ[1]2 март 274[1] ё 26 феврал 277[1], Гундишопур, Сосониён) — файласуф, шоир, нависанда, пизишк, нигоргар ва бунёнгузори ойини монавӣ.

Монӣ
ором. 𐭌𐭀𐭍𐭉
𐭬𐭠𐭭𐭩
𐮋𐮀𐮌𐮈
𐫖𐫀𐫗𐫏
Сурат
Таърихи таваллуд тақрибан 14 апрел 216
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 март 274[1] (57 сол) ё 26 феврал 277[1] (60 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша илоҳиётшинос, нависанда, паёмбар, раҳбари мазҳабӣ, файласуф, шоир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Монӣ охири солҳои 30 асри 3 ба Мовароуннаҳр, Ҳиндустон сафар карда, бо таълимоти буддоия, бараҳмания ва зардуштия шинос мешавад.

Монӣ дар Мадоин соли 242 ба тартиби таълимоти дини худ шурӯъ кард. Ин таълимотро шоди Эрон Шопури I маъқул донист. Баъди ин таълимоти Монӣ вусъат ёфт. Монӣ таълимоти худро ба масеҳият, инчунин динҳои маҳаллӣ муқобил гузошт. Таълимоти Монӣ характери дуалистӣ дошта, унсурҳои зардуштия ва масеҳиятро дар бар гирифтааст. Ба ақидаи ӯ дар олам ду мабдаи баробарқувваи ба ҳам зид — равшанӣ (нур) ва зулмот вуҷуд дорад. Равшанӣ, ба ақидаи Монӣ, дар асорати зулмот мебошад. Монӣ барои аз асорати зулмот озод намудани равшанӣ ба мубориза даъват накарда, гӯшанишиниро таргиб менамуд.

Монӣ аз тарафи коҳинони зардуштӣ сахт таъқиб шуд ва ӯ аз Эрон гурехт. Соли 273 ба Мадоин баргашт. Коҳинон ӯро ба бидъат айбдор карда, дар Гундишопур ҳабс ва баъд қатъ намуданд. Ба қалами Монӣ қариб 7 асари динию ахлоқӣ (аз ҷумла «Шопуракана»)-ро нисбат модиданд, вале онҳо то замони мо нарасидаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Монӣ / А. Содиқов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).