Морчӯба
Морчуба, сарсабил (лот. Aspáragus) — ҷинси рустаниҳои бисёрсолаест аз оилаи занбақиҳо. Пояи сершох, барги пулакчашакл, гули майдаи зангулашакли 6-баргаи сабзча ё зардтоб, асосан ҷудоҷинса, ғураки сепалла, ғуҷуммеваи муддаввари сурх дорад.
Морчӯба | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Asparagus L., 1753 | ||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||
|
Зиёда аз 300 гунаи морчӯба дар ноҳияҳои гармсери Аврупо, Осиё, Африқо, Австралия мерӯяд. Морчӯба махсусан дар қисми ҷанубу тропикаи Африка, кишварҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон бисьёр аст. Дар СССР қисми европоӣ, Кавказ, Осиёи Миёна, Сибири Ғарбӣ) 30 намуди худрӯй Морчӯба месабзад. Дар Тоҷикистон 8 намуди худрӯй (А. регsicus, A. bucharicus, A. neglectus, А. kamaravianus, A. ferganensis, А. тоnoclados, A. brachypliyllus, A. gypsaceus (ниг. расм) ва 1 намуди мазруи Морчӯба (A. officinalis) маълум аст. Махсусан як намуди Морчӯба (A. persicus) дар аксари районҳои республика вомехӯрад.
Корбурди пизишкӣ
вироишМорчӯба дар тибби халқӣ чун позаҳр истифода мешавад. Морчӯбаи доруӣ (A. officinalis)-ро дар бархе кишварҳо мисли сабзавот ва чун гиёҳи доруӣ парвариш мекунанд. Наврустаи Морчӯбаи мазрӯъро мехӯранд; 2 % сафеда, 2,4 % анинхитоб, витаминҳои (ба ҳисоби мг°/о) С (то 40), В| (0,19), В2 (0,14), РР (1) ва каротин (провитамини А; 1,3) дорад. Решапояашро ҷӯшонда, зирбонда ё очоронида истифода мебаранд.
Морчӯбаро аз кучат ва решапоя зиёд мекунанд. Пояи Морчӯба зуд рушд намуда, 120—150 см қад мекашад ва сершох мешавад. Морчӯбаи мазрӯъ хелҳои гуногун дорад. Баъзе намудҳои Морчӯба (мас., A. sprengeri, A. plumosus) боби ороишанд ва дар хонаю гулхонаҳо парвариш меёбанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Морчӯба // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
- Флора Таджикской ССР, т, 2, М.— Л., 1903;
- Инатьева А. И., Овощные растения земного шара, Минск, 1906.