Моҳира Зарипова
Моҳира Абдусаломовна Зарипова (тав. 27.11.1969, д. Корвони ш. Ваҳдат) — гармофизик, номзади илмҳои техникӣ (2006), дотсент (2010), доктори илмҳои техникӣ (2016), иҷрокунандаи вазифаи профессор (2018).
Моҳира Абдусаломовна Зарипова | |
Таърихи таваллуд | 27 ноябр 1969 (55 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ваҳдат , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | гармофизика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураев |
Зиндагинома
вироишМоҳира Зарипова солҳои 1987-1992 дар факултети математика-физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураев таҳсил намудаст. Фаъолиятро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз карда, солҳои 1992-1993 тадқиқотчии кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 1993- 1994 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи физикаи умумии ҳамин кафедра дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Сипас солҳои 1994-1996 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи “Оптика ва спектроскопияи»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1996-1998 ҳамчун коргузори департаменти “Механикаи муҳандисӣ»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намудаст. Аз соли 1998 фаъолияти кориашро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ давом додааст. Номбурда дар конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба вижа Душанбе (1992, 1995, 1996, 1998, 2000, 2003, 2005, 2008, 2012, 2015, 2018, 2020), Амрико (1997, 2000, 2004, 2007. 2010, 2013, 2016, 2019), Франсия (1996, 1999), Италия (2003), Германия (1997, 2011), Эрон (2003, 2008, 2014) ширкат намуда, мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ форсӣ, англисӣ ва русӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ ба нашр расидаанд. Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018) мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишМоҳира Зарипова 30 китобу монография ва дастурҳои таълимӣ, бештар аз 450 мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар ва 16 патенти ихтироъ дар соҳаҳои гуногуни илми гармофизика ва мебошад. Номбурда дар конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, бавижа Душанбе (1992, 1995, 1996, 1998, 2000, 2003, 2005, 2008, 2012, 2015, 2018, 2020), Амрико (1997, 2000, 2004, 2007. 2010, 2013, 2016, 2019), Франсия (1996, 1999), Италия (2003), Германия (1997, 2011), Эрон (2003, 2008, 2014) ширкат намуда, мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ форсӣ, англисӣ ва русӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ ба нашр расидаанд.
Осор
вироиш- Методические указания и контрольние задания по теплотехники для студентов заочного отделения по направлениям подготовки дипломированних специалистов (6533 и 5521). Д., 2003;
- Практикум по выполнению лабораторних работ по курсу “Физика «(Механика) для технических специальностей. Д., 2005;
- Равандҳо дар дастгоҳҳои гармиҳосилкунанда. Дастури таълимӣ, 2018;
- Техникаи гармо дар сохтмон. Дастури таълимӣ, 2018;
- Назария ва амалияи истихроҷ ва истифодаи ҳарорат дар истеҳсоли сохтмонӣ ва термодинамика. Дастури таълимӣ, 2019;
- Нерӯгоҳҳои барқӣ ҳароратӣ. Дастурамал оид ба корҳои озмоишӣ, 2020;
- Асосҳои назарияи техникаи гармо. Қисми 1.Термодинамикаи техникӣ, 2021;
- Некоторые пути повышения эффективности жидкостних реактивних двигателей летательних аппаратов на углеводородних и азотосодержащих горючих и охладителях. Д., 2020.