Моҳларойим Нодира (1792[1][2], Андиҷон1842[1][2], Қӯқанд) — шоири порсигӯ ва узбакигӯйи Осиёи Миёна, ки дар сурудаҳои форсии худ бештар Макнуна ва дар сурудаҳои узбакиаш маъмулан Нодира ва Комила тахаллус мекард

Моҳларойим Нодира
Таърихи таваллуд: 1792[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1842[1][2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, ходими ҷамъиятӣ, нависанда
Забони осор: ӯзбекӣ ва тоҷикӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи ашроф. Завҷаи Умархони Амирӣ (1809—1922). Ба узбакӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Шеърҳои тоҷикиашро бо тахаллуси «Макнуна» ё «Комила» менавишт. Баъд аз вафоти Умархон писари 14-солаи ӯ Муҳаммадалихон ба тахт нишаст. Лекин давлатро асосан Нодира идора мекард. Ӯ барои ривоҷи фарҳангу ҳунар кӯшиш кард. Ба дарбори худ шоирон, олимон ва аҳли ҳунарро гирд оварда, бозорҳо, масҷидҳо, корвонсаройҳо ва мадрасаҳои нав бино намуд.

Соли 1842 амири Бухоро Насруллоҳ ба Хӯҷанд ҳуҷум карда, Нодира ва писарони ӯро ба қатл расонд. Ашъори Нодира ки дар пайравии устодони шеъри форс-тоҷик ва узбак эҷод шудаанд, дорои мазмуни иҷтимоӣ ва бадеияти баланд аст. Девони мукаммали Нодира дар Музеи давлатии ба номи Алишери Навоии АИ Узбакистон маҳфуз аст.

Дар фонди Институти шарқшиносии АИ Узбакистон боз як девони Нодира нигоҳ дошта мешавад, ки аз 333 ғазал иборат буда, бо тахаллуси «Макнуна» навишта шудааст. 10 ҳазор мисраъ шеърҳои лирикии шоира то ба мо расидааст. Зебоӣ, муҳаббати самими, ғаму ғӯссаи рӯзгор, орзӯҳо умеди занон мавзӯи эҷодиёти шоира аст. Нодира фазилати олитарини инсонро дар вафодорӣ мебинад.

Адабиёт

вироиш


Пайвандҳо

вироиш
  • Nodira. Devon (1963). n.ziyouz.com. Ziyo istagan qalblar uchun! - Kutubxona. 15 марти 2022 санҷида шуд.