Моҳҷон Назардодова
Моҳҷон Назардодова (18 майи 1918, деҳаи Баррӯшон, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 2009, ҳамон ҷо) — овозхон ва навозандаи тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1967), иҷрокунандаи маълуми сурудҳои базмии Бадахшон.
Таърихи таваллуд | 18 май 1918 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯшон, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2009 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Рӯшон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сароянда, мутриб |
Соз | рубоб |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), ва медалҳо |
Зиндагинома
вироишМоҳҷон Назардодова соли 1952 омӯзишгоҳи педагогии Хоруғро хатм кардааст. Солҳои 1936—1943 муаллимаи мактаби деҳаи Баррушон, 1943—1945 инструктори комиҷрояи ноҳияи Рӯшон, 1945-50 мураббияи интернати давлатии бачагона, 1950—1955 мактаби миёнаи Советӣ қишлоқи Баррӯшон, 1955—1957 мудири шуъбаи занони Кумитаи тарбиявии ноҳияи Рӯшон ва солҳои 1965—1971 раиси Совети қишлоқи Баррӯшон буд. Назардодова аз хурдсолӣ ба касби сарояндагӣ шуғл дошта, пайваста дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат иштирок мекард. Ӯ истеъдоди хуб ва овози хуши дилнишин дошт. Репертуари Назардодоваро бештар суруду таронаҳои лирикии мардуми Бадахшон дар бар мегирад: «Эй парӣ», «Сабзак», «Муборак бод», (халқӣ), «Тоҷикистон», «Ватан» (Т. Пӯлодӣ) ва ғ.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 204—205. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)