Мулкак (лот. Lathyrus mulkak) — гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо.

Мулкак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Lathyrus mulkak Lipsky

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Баландиаш 65—120 сантиметр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 2— 4 ҷуфт баргчаҳо иборат), хӯшагулаш 2—6-гула, гулаш калони сурх ё бунафши сурхтоб, гилофакаш 4— 6-тухма, тухмаш қаҳваранги холдор.

Моҳҳои май—сентябр гулу мева мекунад.

Густариш

вироиш

Растании хоси (эндеми) Помиру Олой аст. Дар бешаи паҳнбарг, арчадор, дашт, алафзор, урану торонзор, нишебиҳои регу санглох ва ғайра (1200—3000 метр аз соҳили баҳри), асосан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз мерӯяд.

Корбурд

вироиш

Мулкакро гову асп нағз мехӯранд. Дар таркибаш (дар айёми гул) 0,67% қанди ҳалшаванда, 6,51% гемиселлюлозаҳо, 26,75% сафеда, 26,75% протеин, 1,48% равган, 9 мг% каро­тин (провитамини А) ва ғайра дорад. 100 килограмм хошоки мулкак 21,13 кгилограмм протеини ҳозим дошта, 82,79 воҳиди хӯрокӣ мебошад. Дони мулкакро ҷӯшонида ба таом меандозанд.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

вироиш
  • Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.

Сарчашма

вироиш