Мулкакгул, мулкаки бӯё (лот. Láthyrus odorátus) — гиёҳи яксолаест аз оилаи лубиёиҳо.

Мулкакгул
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Lathyrus odoratus L. 1753

Тавсифоти гиёҳшиносӣ вироиш

 

Баландиаш аз 25 сантиметр то 2 метр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 1 ҷуфт барг­ча иборат), гулаш калон (дарозиаш 2—3 сантиметр), гуногунранг (аз сафед то бунафш) ва ниҳоят хушбӯй, ғилофакаш 4—6 тухма, тухмаш калони бӯри сиёҳтоб.

Моҳҳои июн—август гул ва июл—сентябр мева мекунад.

Густариш вироиш

Мулкакгули худрӯй дар кишварҳои баҳри миёназамин мерӯяд. Дар ноҳияҳои минтақаи мӯътадил мекоранд. Мулкакгулро дар Тоҷикистон ҳамчун гул асосан дар районҳои шимолӣ ва марказӣ парвариш мекунанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт вироиш

  • Флора Таджикской Советской Социалистической Республики. Том 5, Ленинград 1978.

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш