Мақолаи асосӣ: Истаравшан

Истаравшан - мулкест, ки дар байни Сирдарё дар шимол ва қаторкўҳи Ҳиссор дар ҷануб ҷойгир шудааст. Сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон..[1]

Муборизаи Уструшана зидди Искандар

вироиш

Лашкари юнону – мақдунӣ ба сӯи Уструшана(Истаравшан) ҳамла карда ба ғорат кардани ин диёр шурӯъ карданд. Мардуми Уструшан ба бедодигариҳо тан надода бар зидди истилогарони аҷнабӣ сар бардоштанд ва бо онҳо ҷангиданд. Чунон, ки дар кӯҳсори Уструшан ҷанги шадиде дар миёни суғдиён ва мақдуниён ба вуҷуд омада будааст, ки муттаъарихони қадим қайди махсус кардаанд. Искандар боз ба шимолтар ҳаракат карда ба соҳили дарёи Сир расида заминҳо ва шаҳрҳои соҳили чаппи дарёро ишғол кард. Дар соҳили рости Сирдарё Скифҳо зиндагӣ мекарданд. Искандар аз скифҳо ҳаросида ба он тарафи дарё гузаштанро нахост. Дар вақти забт намудани Уструшан ва соҳили Сирдарё, дар Суғд ва Подшоҳии Бохтари қадим шӯришҳо бар зидди истилогарон сар мезаданд. Вале Искандар Устришан ва соҳили Сирдарёро ишғол намуда ба шӯришҳо бепарвоёна назар мекард.

Уструшана| Истаравшан дар асрҳои V - VIII

вироиш

Ҳавзаҳои дигари таърихию фарҳангии Варазруд – Уструшана| Истаравшан, Ҳафтрўд ва водии Талас ғолибан таҳти нуфузи Суғд ва тамаддуни суғдӣ қарор доштанд. Тахтгоҳу афшинҳои Уструшана шаҳри Бунҷикат маҳсуб мешуд. Дар Уструшана шаҳру деҳоти калон, ба монанди Дизак (Ҷиззахи имрӯза), Харкана, Катвондиз, Хуҷкат, Зомин, Ваҷкат, Куркат ва ғайра мавҷуд буданд, ки онҳо дар тарвиҷи ҳаёти шаҳрӣ, тараққиёти ҳунармандӣ ва тиҷорат нақши муҳим мебозиданд.[2]

Адабиёт

вироиш
  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 73.

Портал:Таърих