Мурғи султонӣ, сесарка (лот. Numididae) — оилаи паррандаҳои мурғмонанд. Дарозии баданаш 30—75 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақувват, cap ва қисми гарданаш бепар, параш сиёҳ ё хокистарранги чипор. 4 ҷинс ва 7 гунаи мурғи  султонӣ маълум аст.

Мурғи султонӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Numididae de Sélys Longchamps, 1842

Густариш

вироиш

Дар Африқо, ҷануби Саҳрои Кабир ва ҷазираи Мадагаскар маскунанд; эҳтимол ба Арабистони Ҷануби Ғарбӣ ва ҷазираи Коморск бурда бошанд. Дар даштҳои алафзори тропикӣ, пахтазор ва ҷангал зиндагӣ мекунад. Се­ла-села дар замин гашта, шабро дар дарахт мегузаронад. 7—20 дона тухм мегузорад. Дон, шохчаҳои наврас, пиёзак, ҳашарот ва дигар бемӯҳрагонро мехӯрад. Мурғи султонӣ паррандаи сайдист.

Адабиёт

вироиш