Мурғи ҳилол, кабки барфӣ, ё кабки ҳилол, ҳулол (лот. Tetraogallus) — ҷинси паррандаҳои мурғмонанди мансуби оилаи тазарвиҳо.

Мурғи ҳилол
Мурғи ҳилоли тибетӣ
Мурғи ҳилоли тибетӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Tetraogallus Gray, 1832

Дарозии баданаш 50-70 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақувкат. Мурғи ҳилол дар баландкӯҳҳои Кавказ, Си­бири Ҷанубӣ, Осиёи Хурд, Миёна ва Марказӣ зиндагӣ мекунад.

Гунаҳо вироиш

  • Мурғи ҳилоли олтойӣ (Tetraogallus altaicus) — Олтой ва Саян[1];
  • Мурғи ҳилоли ҳимолойӣ ё сиёҳшикам (Tetraogallus himalayensis) — Tиёншон, Помиру Олой, Ҳиндукуш, Кунлун, ғарби Ҳимолой[2];
  • Мурғи ҳилоли қафқозӣ (Tetraogallus caucasicus) — қаторкӯҳҳои Қафқоз[3];
  • Мурғи ҳилоли каспигӣ ё кабки дарӣ (Tetraogallus caspius) — Арманистону Кабуддоғ[4];
  • Мурғи ҳилоли тибетӣ (Tetraogallus tibetanus) — шарқи Помир, Ҳимолой, кӯҳҳои Сино-Тибет, Кунлун[5].

Мурғи ҳилоли тибетӣ вироиш

Мурғи ҳилоли тибетӣ яке аз гунаҳои хурдҷуссатарин мебошад. Дар қуллаҳои баланд (болотар аз 4300 метр аз соҳили баҳр) дучор меояд. Рангаш ашҳабӣ (баъзе ҷойҳояш сафедтоб), cap, гарданаш хокистарранги тиратоб, нӯлаш нӯгкаҷи гулобӣ. Дар нишебиҳои кӯҳ хеле чобукона медавад. Дарозии болаш 258—271 миллиметр вазнаш то 2 килограмм. Мурғи ҳилоли тибетӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ocиёи Марказӣ, дар Шимол то Сичуани, дар Ҷануб то Ҳимолой вомехӯрад. Дар Тоҷикистон фақат дар Помир ҳаст. Миқдораш хеле кам. Паррандаи алафхӯр (гул, шохчаву барг, дон, реша, пиёзак). Дар зери сангпора, ковокии сангҳо лона месозад ва 5—6 дона тухми кабудтоби холдор мегузорад; баъди 20—22 рӯз чӯҷа мебарорад. Душмани асосии Мурғи ҳилол рӯбоҳ ва бургуг аст. Онро шикорчиён низ нобуд мекунанд. Аз ин сабаб миқдори Мурғи ҳилоли тибетӣ дар Помир ниҳоят кам шу­дааст. Ҳоло шикори Мурғи ҳилоли тибетт манъ аст. Онро ба «Китоби сурхи байналхалқӣ» дохил кардаанд.

Эзоҳ вироиш

Шаблон:Ornitology-stub

Категория:Pavoninae

Адабиёт вироиш

  • Мурғи ҳилол / И. А. Абдусаломов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).