Мурғобиҳо (лот. Anatidae) — як оилаи паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба қатори қозшаклҳо мансубанд.

Мурғобиҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Anatidae Vigors, 1825

Дарозии танаашон 29—150 сантиметр. Панҷаҳои пояшон бо парда пайваст шудаанд. Парҳояшон зичи сафед, ҷигарӣ, бӯр ва сиёҳ аст. Аксари мурғобиҳо хеле хуб парвоз карда ва ба об ғута за­да метавонанд. Ба мурғобиҳо қу, қоз, мур­ғобӣ ва казарка мансубанд. 147 намуди Мурғобиҳо (аз 43 ҷинс) дар ҳама ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 58 намудаш, аз ҷумла 8 намуди ғайримуқимӣ (аз 15 ҷинс) ва дар Тоҷикистон қариб 15 намуди мурғобиҳо (масалан, рози кӯҳӣ, мурғобӣ ва ғайра) дучор мешаванд. Мурғобиҳо дар замин, харсангҳо, ковокиҳои дарахт лона сохта, 2—16 тухми якранг (сафед, сабача ё зардча) мегузоранд. Хӯрокашон рустанӣ ва хайвонҳои обии бемуҳра мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Абдусалямов И. А. Фау­на Таджикской Советской Социалистической Республики, том 19, ҷилди 1., Птицы, Душанбе. 1971.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.