Муруд

(Тағйири масир аз Мурӯд)

Муруд, мурӯд, нок, анҷирак (лот. Pyrus tadshikistanica) — дарахтест аз оилаи настараниҳо.

Муруд
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Pyrus tadshikistanica V. Zapr.

Тавсифоти биологӣ

вироиш

Баландиаш 15—20 метр, диа­метри танааш 35—40 сантиметр; дар маҳалдои гармсер одатан дарахти пастқади паттамонанд, баландиаш 2—4 метр, диаметри танааш 10—15 сантиметр. Пӯстлохи танаи кӯҳнааш хокистарранг, шохчаҳои яксолааш қаҳваранги сурхтоб, баргаш мудаввар ё тухмшакли ода­тан дурушту чармгун (дарозиаш 6—7 сантиметр); баргҳои муруде, ки дар ҷойҳои беоб мерӯяд, майдатар (2,5—2,8 сантиметр), хӯшагулаш 5—6-гула, мевааш мудаввар ё дарозрӯя (баъди пухтан зард ё каме сабзтоб), таъмаш нордон ё каме талхмаза (меваи дарахти худрӯй), тухмаш калон (0,7—0,8 сантиметр), сиёҳи ҷилодор (дар як дона мева 3—4 тухм).

Апрел—май гул карда, сентябр—октябр мевааш мепазад.

Густариш

вироиш

Муруди худрӯй фақат дар Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ мерӯяд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, (қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ) асосан дар минтақаи бешазори паҳнбарг ва шиблак (1400—1600 метр аз соҳили баҳр) месабзад.

Парвариш

вироиш

Ниҳоли муруди хасакро асосан барои пайванд истифода мебаранд. Бисёр навъҳои маъмули нок ва Муруди мазрӯъро дар натиҷаи ба муруди худрӯй пайванд кардани навъҳои гуногуни ноку муруд ба вуҷуд оварданд. Махсусан навъҳои «Амруд», «Зармуруд», «Тармуруд», «Такмуруд», «Сафедмуруд» ва ғайра машҳуранд. Ба­рои ба вуҷуд овардани навъҳои машҳури «Нок» ва «Дилафрӯз», «Ношпотӣ» ва ғайра мурудро виз истифода кардаанд. Одатан намудҳои худруи нок ва як қатор навъҳои боғии онро из «Муруд» меноманд.

Адабиёт

вироиш
  • Флора Таджикской Советский Социалистической Республики, том 4, Ленинград, 1975;
  • Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памира-Алая, Ленинград, 1976.

Адабиёт

вироиш