Муътабар Иброҳимова
Муътабар Иброҳимова (2 январи 1930, Конибодом — 18 майи 2008, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1958), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974).
| |
Таърихи таваллуд: | 3 январ 1930 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 8 май 2010 (80 сол) |
Маҳалли марг: | |
Касб: | ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 8022669 |
Зиндагинома
вироишСоли 1947 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинободро ба итмом расонда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Ленинобод фаъолияти кориашро шурӯъ намуд ва чор даҳсола саҳнаашро обод кард. Эҳсосоти самимӣ ва табъи нозук имкон медоданд, ки симои қаҳрамононашро таъсирбахшу муассир офарад. Ҳама гуна образҳо — драмавӣ, фоҷиавӣ, мазҳакавӣ дар иҷрояш бо тамоми паҳлӯҳои бадеӣ ва хислатҳои фардиашон таҷассум меёфтанд.
Театр
вироиш«Равшан ва Зулхумор», «Нурхон», «Фарҳод ва Ширин», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Модар нигарон буд», «Духтари кӯҳистон», «Гулсара», «Дили шоир», «Исёни арӯсон», «Супориши ЧК», «Отелло», «Рамаяна» муште аз хирвори намоишномаҳоанд, ки номбурда дар онҳо нақшҳои марказӣ бозидааст.
Синамо
вироишАз ҳунари волояш дар филмҳои тоҷикии «Вақте ки осиё бозмонд», «Ғуломони сарсахт», «Сандуқ барои арӯс», «Гирдоб», «Агар дӯст дорӣ» ва ғайраҳо ҳам баҳра бурдаанд. Бо овози дилкашу ширадор сурудҳои халқию классикиро накӯ адо менамуд. Ба бис¬ёр давлатҳои хориҷӣ дар ҳайати санъаткорони театр сафар намудааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Театр — маънои умри ман, Хуҷанд, 1999 (ҳаммуалиф).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.