Муҳаббат Сатторӣ (1 январ 1967, ноҳияи Фархор24 август 2023, Душанбе) — ҳунарпешаи театр ва коргардони филм. Аълочии кинематографияи Тоҷикистон.

Муҳаббат Сатторӣ
Таърихи таваллуд: 1 январ 1967(1967-01-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 24 август 2023(2023-08-24) (56 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, коргардони филм, таҳиякунандаи филм
IMDb: ID 6943426

Зиндагинома

вироиш

Муҳаббат Сатторӣ 1-уми январи соли 1967 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадаааст. Соли 1988 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунар озмуда, дар чандин намоишнома нақши хурду калон бозидааст[1].

Ӯ яке аз коргардонҳои «Тоҷикфилм» ва директори ширкати филмбардории «Суҳайл-Синамо» мебошад.

Филмҳо

вироиш

Коргардонӣ

вироиш
  • 2007 — «Пайванди шикаста»
  • 2008 — «Падруду пайғом»
  • 2009 — «Афсонаи хоб»
  • 2011 — «Заррандуд»
  • 2014 — «Як ҷаҳон аз ману ту»
  • 2016 — «Маро бубахш» (соли 2016)
  • 2019 — «Кохи нур»
  • 2019 — «90 соли кинои тоҷик»
  • 2019 — «Рақси зиндагӣ»

Таҳиякунандагӣ

вироиш
  • 2017 — «Бархез модар»

Даргузашт

вироиш

Муҳаббат Сатторӣ 24 августи соли 2023 дар синни 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид[2].

Ҷоизаҳо

вироиш

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Аълочии кинематографияи Тоҷикистон буда, ҳамчунин Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.[3]

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  2. “Тарғибгари фарҳанги миллӣ буд”. Даргузашти коргардони тоҷик Муҳаббат Сатторӣ. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (24 августи 2023). 4 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. ДУРАХШИ “СИТОРАИ НОАЁН” ДАР САМОИ СИНАМО. javonon.tj. 9 ноябри 2022 санҷида шуд.