Муҳаммади Кавкабӣ (қарни XVI — қарни XVII) — оҳангсоз, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Муҳаммади Кавкабӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Самарқанд таваллуд шуда, санъати мусиқиро дар зодгоҳаш аз Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ омӯхт. Ба Бухоро назди Кавкабии Бухороӣ рафта, шогирди содиқи ӯ шуд. Таркиботи мақомҳоро аз худ намуд. Чанд пешрав, амал, нақш дар мақоми «Рост» эҷод карда, ба устодаш Кавкабии Бухороӣ бахшидааст. Шеър низ мегуфтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммади Кавкабӣ / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).