Муҳаммадсиддиқ Ҳайрати Бухороӣ
Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (форсӣ: محمدصدیق حیرت بخارایی; 1878, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 1902) — шоир ва рӯшанфикри тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1878 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1902 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишҲайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро ба дунё омадааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин буда, барои тарбияи писараш ҳаматарафа саъй доштааст. Шоир дар овони ҳафтсолагӣ аз модар ва дар дувоздаҳсолагӣ аз падар ятим мемонад. Ҳайрат дар синни 15-солагӣ ба мадраса дохил шуда, илмҳои ҷории замонро комилан фаро мегирад. Вай соли 1895 бо устод Садриддин Айнӣ рафоқат пайдо намуда, онҳо аз ҳамдигар хеле баҳраҳо мебаранд.
Ҳайрат аз бемории сил вафот кардааст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Атобой Умаров. Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат – Илмхона. 15 июни 2024 санҷида шуд.