Муҳаммадӣ Исматуллоев

Муҳаммадӣ Файзуллоевич Исматуллоев (1910, шаҳри Самарқанд — 1994, Душанбе) — забоншинос, доктори илмҳои филология (1971), профессор (1975).

Муҳаммадӣ Исматуллоев
Муҳаммадӣ Файзуллоевич Исматуллоев
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Маҳалли даргузашт Душанбе ,
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Институти муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб, Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмии мактабҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко, ИҶШС

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммадӣ Файзуллоевич Исматуллоев соли 1939 Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ва 1944 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1948—1950 директори Институти муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб, 1950—1957 директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмии мактабҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон муҳаррири маҷаллаи «Мактаби Советӣ», 1957—1974 мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва аз соли 1974 то поёни умр профессори ҳамин кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко Душанбе буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Симои намоён дар илми забоншиносии тоҷик эътироф мегардад, бобати масоили мухталифи морфология ва синтаксиси забони тоҷикӣ, методикаи таълими он беш аз сад китобу рисола, дастуру нишондиҳанда, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ навишта, дар таҳияю таълифи китобҳои дарсии макотиби миёна ва олии ҷумҳурӣ аз фанни «Забони тоҷикӣ» фаъолона иштирок доштааст.

  • Прямое дополнение в современном таджикском литературном языке. — Ленинград, 1954;
  • Оид ба масъалаҳои сифати феълӣ дар забони адабии тоҷик. — Сталинобод, 1954;
  • Пуркунандаи бевосита дар забони адабии тоҷик. — Д., 1962;
  • Очеркҳои грамматикӣ оид ба ҳолшарҳкунандаҳо дар забони адабии тоҷик. — Д., 1970;
  • Обстоятельство и его виды в современном таджикском литературном языке: Дисс…доктора филол. наук. — Д., 1971;
  • Очеркҳои грамматикӣ оид ба ҳолшарҳкунан-даҳо дар забони адабии тоҷик (ҳоли тарзи амал ва миқдору дараҷа). — Д., 1986;
  • Педагог, олим ва инсони комил. — Д., 1988;
  • Носирҷон Маъсумӣ. — Д., 1991.

Пайвандҳо

вироиш