Муҳаммад Алихон (1810—1842, Хӯқанд) — хони Хӯқанд (1822—1842).

Муҳаммад Алихон
Таваллуд 1808
Даргузашт 1842
Падар Умархон
Модар Моҳларойим Нодира

Зиндагинома

вироиш

Баъди вафоти падараш Умархон ба тахт нишаст. Бо мақсади васеъ кардани ҳудуди хонии Хӯқанд соли 1829 ба Қошғар лашкар кашид. Мусулмонони Қошғар аз ин истифода бурда, ба муқобили Хитой сар бардоштанд. 70 ҳазор уйгурҳои мағлубгардида ҳамроҳи Муҳаммад баргашта, дар Шаҳрихон ва атрофи он маскан гирифтанд. Муҳаммад дар натиҷаи ҳуҷумҳои пай дар пай ба Қошғар ба ҳуқуқи аз шаҳрҳои Туркистони Шарқӣ ситонидани боҷ соҳиб гардид. Дар аҳди Муҳаммад корҳои обёрӣ хеле хуб ба роҳ монда шуданд. Дар наздикиии Тошканд ҷӯй бори Хонариқ кушода шуд. Робитаҳоиди пломатӣ ва тиҷоратӣ бо Рос­сия беҳтар гашт. Муҳаммад дар ҷанги байни Бухоро ва Хӯқанд мағлуб гашта, Хуҷандро ба Насруллоҳ супурд ва вассали ӯ шуд. Баъди ду соли ин воқеа дар Хӯқанд ба муқобили зулмиҳои шӯриши халқ сар зад. Насруллоҳ аз ин ҳодиса хабар ёфта, Хӯқандро зери даст кард, Муҳаммад ва хешовандони наздиктарини ӯро ба қатл расонд.

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммад Алихон // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).