Муҳаммад Бобохоҷаев
Муҳаммад Бобохоҷаев (Бобохоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич; 19 ноябри 1924, Хуҷанд — 23 декабри 2003 , ҳамон ҷо) — терапевт, доктори илмҳои тиб (1964), профессор (1965). Ходими хизматнишондодаи илмӣ ҶШС Тоҷикистон (1969), Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон.
Бобохоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич | |
Таърихи таваллуд | 19 ноябр 1924 |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 23 декабр 2003 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Ҷоизаҳо | Ходими хизматнишондодаи илмӣ ҶШС Тоҷикистон (1969), Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон. |
Зиндагинома
вироишПрофессор Муҳаммад Хоҷаевич Бобохоҷаев ҳаёти ибратбахшеро паси cap намуда, дар рушду инкишофи соҳаи тандурустии Тоҷикистон саҳми боризе гузоштааст. Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуда (1939) барои идомаи таҳсил ба курсҳои дусолаи Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд фиристода мешавад. Баъд аз хатми бомуваффақияти Дорулмуаллимин (1941) Муҳаммад Бобохоҷаев ба ихтиёри Комиссариати маорифи шаҳри Сталинобод фиристода мешавад ва то даъват шудан ба Артиши Сурх дар маъракаи маҳви бесаводӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар солҳои 1941—1942 ӯ ба ҳайси муаллими физика ва математика, мудири қисми таълимӣ ва директори мактаби ибтидоии № 5 ҷамоати деҳоти Даҳанаи вилояти Қӯрғонтеппа адои вазифа менамояд. Соли 1942 ӯро ба фронти 1-уми Украина барои мубориза бар зидди фашизм мефиристанд. Дар он ҷо Муҳаммад Хоҷаевич худро чун сарбози ҷасур нишон дода, сазовори ордену медалҳо гардид. Баъди итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1946 Муҳаммад Хоҷаевич ба Ватан баргашта ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1956 бо баҳои аъло хатм менамояд, ки боз барои идомаи таҳсил ба ординатураи клиникии Донишкадаи 2-юми тиббии шаҳри Москва фиристода мешавад.
Баъди дифоъи рисолаи номзадӣ Муҳаммад Бобохоҷаев аз тарафи Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои кор таклиф шуда, аз соли 1954 то соли 1960 вазифаҳои ассистент, дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ишғол мекард. Баъди дифои дар соли 1964 рисолаи докторӣ (дар докторантураи Пажӯҳишгоҳи биофизикаи Академияи илмҳои тибби Иттифоқи Советӣ, Москва) олимро мудири кафедраи муттаҳидаи терапияи факултаи педиатриву стоматологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъйин менамоянд. Дар ин вазифа ӯ то соли 1974 фаъолият мекунад. Дар моҳи марти соли 1964 Вазорати тандурустии Тоҷикистон Муҳаммад Бобохоҷаевро терапевти калони вазорат ва мушовири калони беморхонаи рақами 4-и он таъйин мекунад. Дар соли 1965 ӯ сазовори унвони профессор мегардад. Мудати тӯлонӣ дар солҳои 1974—1992 ӯ мудири кафедраи бемориҳои дарунии ДДТТ мебошад. Дар солҳои 1992—1996 Муҳаммад Бобохоҷаевмудири Беморхонаи ҷумҳуриявии реаниматсиявӣ дар Хуҷанд кор мекунад. Аз соли 1996 то ба нафақа баромаданаш дар соли 1998 директори Коллеҷи тиббии Хуҷанд буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуҳаммад Бобохоҷаев дар бисёр ҷамъиятҳои илмии умумииттфоқии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ намояндагии илми тибби Тоҷикистонро ба уҳда дошт — дар Раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии терапевтҳо, дар Раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии кардиологҳо, дар ҷамъиятҳои гематологҳо, ревматологҳо, нефрологҳо ва геронтологҳо. Солҳои зиёд вазифаи раисии Ҷамъияти терапевтҳои Тоҷикистонро иҷро мекард. Профессор М.X. Бобохоҷаев яке аз ташкилкунандагони 1-м ва 2-м Анҷуманҳои терапевтони Тоҷикистон мебошад. Барои комёбиҳояш дар илми тибб дар соли 1990 узви Академияи «Нури Хуҷанд» интихоб мешавад ва аз соли 1995 ноиб-президенти он мегардад.
Профессор Муҳаммад Бобохоҷаев муаллифи қариб 300 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла 5 монографияҳои пурарзиш ва дастурҳои қимати методӣ дар соҳаҳои мухталифи касалиҳои дарунӣ — кардиология, гематология, ревматология, курортология, пулмонология, нефрология мебошад.[1]
Ҷоизаҳо
вироишБо медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
- Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1969).
- Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон.
- Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (1995).
Осор
вироиш- «Саволу ҷавоб доир ба системаи хун ва касалиҳои он»
- «Шесть вопросов и ответов о заболеваниях крови»
- «Здоровое сердце и высокогорье» (1975)
- «Касалиҳои дилу рагҳо ва пешгирии онҳо» (1977)
- «Мумиё и кровь» (1986)
- «Цитопенические синдромы в условиях жаркого климата Таджикистана» (1987)
- «Применение инструментальных неинвазивных методов исследования в кардиологии» (1994)
Адаибёт
вироиш- Бобохоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Гулрухсор Аслонова «Муҳаммад Хоҷаевич Бобохоҷаев» /Ворисони Сино, № 16-17 (1994), 28 ноябри с. 2014.