Муҳаммад Мзалӣ
Муҳаммад Мзалӣ ( 23 декабри 1925, Монастир, Тунис — 23 июни 2010, Париж, Фаронса ) — сиёсатмадори тунисӣ ва намояндаи ҳаракати байналмилалии олимпӣ, сарвазири Тунис (1980-1986).
Муҳаммад Мзалӣ | |
---|---|
ар. محمد مزالي | |
![]() | |
Таваллуд |
23 декабр 1925[1] |
Даргузашт |
23 июн 2010[2][1] (84 сол) |
Мадфан | |
Ҳамсар | Fethia Mzali[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Дар оилаи фурӯшанда таваллуд шудааст.Мактаби фаронсавӣ-арабӣ дар Монастир ва Коллеҷи Садиқиро хатм кардааст.Соли 1950 факултаи филология ва фалсафаи Донишгоҳи Порисро хатм кардааст, бакалаври фалсафа, магистри санъат, профессор.
- 1950—1956 - ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуд;
- 1956—1958 Директори идораи котиби давлатӣ оид ба маориф
- 1959—1981 - вакили Маҷлиси миллӣ.
- 1959—1964 - директори генералии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш;
- Аз соли 1964 аъзои КМ Ҳизбии Сотсиалистии Дустуров (ҲДС), аз соли 1974 аъзои КМ мебошад. Аъзои Бюрои Сиёсии ҲДС.
- 1964—1968 Директори ширкати радиошунавонии Тунис.
- 12 апрели 1968 — 7 ноябри соли 1969 — котиби давлатии оид ба мудофиаи миллӣ.
- 7 ноябри соли 1969 — 12 июни соли 1970 — вазири чавонон ва варзиш.
- 7 декабри соли 1969 — 12 июни соли 1970 — вазири маорифи миллӣ
- 29 октябри соли 1971 — 17 марти 1973 — вазири маорифи миллӣ
- 17 марти соли 1973 — 31 май соли 1976 — вазири нигахдории тандурустй
- 31 май соли 1976 — 25 апрели 1980 — вазири маорифи миллии Тунис. Вай дар ин вазифа сиёсати арабикунонии барномаҳои мактабро пеш гирифт, ки онро шарикони арабпарасти Тунис маъкул донистанд.
- Аз 23 апрели соли 1980 — 8 июли соли 1986 — сарвазири Тунис ва котиби генералии ҲДС, дар як вакт аз 7 январи соли 1984 — 28 апрели соли 1986 — вазири корхои дохилй. Сиёсати ӯ тарафдори ислом буда, ба Арабистони Саудӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс нигаронида шуда буд (аз ҷумла дар замони ӯ манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои давлатӣ лағв шуд ва арабикунонии маориф идома дошт). Дар ин давра, вай ҳамчун вориси равшани президент Ҳабиб Бурқиба дониста мешуд.
Фаъолият дар КБОВироиш
Аз соли 1958 дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ кишварро (КБО) намояндагӣ мекард. Бо волейбол, футбол, теннис, пиёдагардии варзишӣ машғул буд.
Солхои 1962—1986. — Президенти Комитети олимпии Тунис.Президенти Федератсияи футболи Тунис (1962-1963).Ноиби президент (1963-1967), президенти (1979-1987) Кумитаи байналмилалии Бозиҳои баҳри Миёназамин. Узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) аз соли 1965.
Нигаред низВироиш
СарчашмаҳоВироиш
- http://www.answers.com/topic/mohammed-mzali
- http://aroundtherings.com/articles/view.aspx?id=35036
- Un Premier ministre de Bourguiba témoigne, 2004