Президенти Тунис
Президенти Ҷумҳурии Тунис — сарвари давлати Ҷумҳурии Тунис мебошад, ки ба таври интихоботи умумихалқӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад ва ҳуқуқ дорад на бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шавад.
Ишғоли вазифа Беҷӣ Қоид Сибсӣ |
|
---|---|
Иқомати расмӣ | Carthage Palace[d] |
Пайдошавии вазифа | 25 июл 1957 |
Сайт | carthage.tn |
Президенти Ҷумҳурии Тунис сарвазири кишвар ва ҳукуматро таъйин мекунад.
Таърих
вироишВазифаи президент дар Тунис 25 июли соли 1957 баъди эълони истиқлоли ҷумҳурӣ ва сарнагун гардидани ҳокимяти подшоҳӣ ва пеш аз он ҳокимяти беки Тунис Муҳаммад ал-Амин таъсис шудааст.
- Аввалин президент сарвазири кишвар Ҳабиб Бурқиба буд, ки то соли 1987 ин мақомро бар уҳда дошт ва бо сабабҳои саломатӣ аз мақом барканор шуд ва
- Ваколатҳои президентӣ ба сарвазир Зайналобуддин бин Алӣ гузашт, ки соли 1989 ба ин мақом интихоб шуда буд. 14 январи соли 2011, дар ҷараёни эътирозҳои мардумӣ дар Тунис, Бин Алӣ аз кишвар ба Арабистони Саудӣ фирор кард ва дар он ҷо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт.
- Сарвазир Муҳаммад Ғанушӣ президенти муваққатии Тунис шуд.
- рузи дигар, мувофики конститутсия Фуад Мебаз, раиси палатаи намояндагони Ҷумҳурии Тунис шуд.
- Қарор шуд, ки интихоботи президентӣ дар давоми ду моҳ баргузор шавад.
- Мунсиф Марзуқӣ аз 13 декабри соли 2011 то 31 декабри соли 2014 президенти кишвар шуд.
- Мӯҳлати президентии ӯ ба далели он ба поён расид, ки ӯ дар интихоботи президентӣ [1], дар даври дуввум ба Беҷӣ Қаъд Сибсӣ мағлуб шуд.
- Аз 31 декабри соли 2014 то 25 июли соли 2019, то маргаш Беҷӣ Қаъд Сибсӣ президенти ҷумҳур буд.
- Ворис: Муҳаммад Носир
Феҳристи президентҳо
вироиш№. | Акс | Ном | Оғоз | Анҷом | Интихобот | Ҳизби сиёсӣ | Мавқеъ |
---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Ҳабиб Бурқиба (1903-2000)
ар. حبيب بورقيبةحبيب |
25 июли 1957 | 7 ноябри 1987 | 1959, 1964, 1969, 1974 | Дастури нав | президент | |
- | Зайналобуддин бин Алӣ (1936-2019)
ар. زين العابدين بن عليزين العابدين بن |
7 ноябри 1987 | 2 апрели 1989 | - | Ҳизби сотсиалистии дастуровӣ (то соли 1988) Ассотсиатсияи конститутсионии демократӣ (1988-2011) | и.в. президент | |
2 | 2 апрели 1989 | 14 январи 2011 | 1989, 1999, 2004, 2009 | президент | |||
- | Муҳаммад Ғанушӣ (1941-)
ар. محمد الغنوشي |
14 январи 2011 | 15 январи 2011 | - | Ассотсиатсияи конститутсионии демократӣ | и.в. президент | |
- | Фуад Мбазаа (1933-)
ар. فؤاد المبزعفؤاد |
15 январи 2011 | 13 декабри 2011 | - | Ассотсиатсияи конститутсионии демократӣ | и.в. президент | |
3 | Мунсиф Марзуқӣ (1945-)
ар. المنصف المرزوقي |
13 декабри 2011 | 31 декабри 2014 | 2011 | Конгресси ҷумҳуриявӣ | президент | |
4 | Қаъд Сибсӣ (1926-2019)
ар. الباجي قائد السبسيالباجي قائد |
31 декабри 2014 | 25 июли 2019 | 2014 | Нидои Тунис | президент | |
- | Муҳаммад Носир (1934-)
ар. محمد الناصرمحمد |
25 июли 2019 | 23 октябри 2019 | - | Даъвати Тунис | и.в. президент | |
5 | Каис Саид (1958-)
ар. قيس سعيدقيس |
23 октябри 2019 | амалкунанда | 2019 | мустақил | президент |