Муҳаммад Осимӣ (Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ; 19201996) — фаласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988)[3].

Муҳаммад Осимӣ
Осимӣ Муҳаммад Сайфиддинович
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1920(1920-09-01)[1][2]
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶМШС Туркистон, РСФСР
Таърихи даргузашт 29 июл 1996(1996-07-29)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени Инқилоби Октябр Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I Ордени Ситораи Сурх
Медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
 Парвандаҳо дар Викианбор
Нимпайкараи Муҳаммад Осимӣ дар Хуҷанд

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Солҳои 1941—1946 дар сафҳои Армияи Шӯравӣ хидмат ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Солҳои 1946—1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд, 1952—1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1962—1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1965 вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистонро иҷро намудааст. Ҳамзамон солҳои 1991—1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт. Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Ӯ вакили съездҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон (1962) буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафаи табиатшиносӣ; таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт. Муаллифи зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаҳои илмӣ мебошад. Таълифотҳои ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.[4]

Осори илмӣ

вироиш
  • Асари барчастаи философияи марксистӣ (Дар бораи асари В. И. Ленин «Материализм и эмпириокритицизм|Материализм ва эмпириокритицизм»). — Душанбе, 1960;
  • Материя ва тасвири физикии олам. — Душанбе, 1966;
  • Русско-таджикский терминологический философский словарь. — Душанбе, 1966. [ҳаммуаллиф];
  • Пайдоиш ва инкишофи таффакури фалсафӣ. — Душанбе, 1970.
  • Возникновение и становление философского мышления. — Душанбе, 1970;
  • Понятие материи и проблемы физической реальности (диссертатсияи докторӣ). — М., 1971.
  • Авиценна и мировая цивилизация // Народы Азии и Африки. 1980. № 5;
  • Исторический прогресс социалистических наций. [ҳаммуаллиф]. — М., 1987.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ду ордени Ленин,
  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • орденҳои Инқилоби Октябр,
  • Ҷанги Ватании дараҷаи 1,
  • Ситораи Сурх,
  • «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград»,
  • «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
  • «Барои меҳнати шоён».
  • Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин",
  • «Сисолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
  • «50-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС»,
  • «Чилсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).
  • Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1980).[4]
  1. Асимов Мухамед Сайфитдинович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951. 19 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
  4. 4.0 4.1 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш