Муҳаррики ҳавогард
Муҳаррики ҳавопаймо (русӣ: авиадвигатель, авиамотор) — муҳаррикест барои ба ҳаракат овардани аппаратҳои париш (дар ҳаво), мисли ҳавопаймо, чархбол, дирижабл ва ғайра.
Таърих
вироишНахустин муҳаррики авиатсионӣ муҳаррики буғии самолёти А. Ф. Можайский (1885) буд. Баъд муҳаррики авиатсионӣ дар асосӣ муҳаррики дарунсӯзи поршенӣ сохта шуд. Зарурати зиёд кардани суръату борбардории самолёт, омили асосии тараққии муҳаррики авиатсионӣ гардид. Минбаъд такомули муҳаррики авиатсионӣ бо роҳи то рафт сабук гардондани ҳамаи ҷузъҳои он (истифодаи материалҳои махсуси матину мустаҳками сабук), тезондани просессҳои корӣ (бо ин мақсад компрессорҳои ҳаводамдиҳак истифода карда шуд) ва зиёд кардани к. а. м-и винти ҳавои пеш рафт. Истифодаи редукторҳое, ки басомади чархзании винти ҳавоиро нисбат ба басомади чархзании наварди муҳаррик кам мекунад, ба роҳ монда шуд. Солҳои 40 садаи XX Муҳаррики авиатсиониии поршендор ба ҳадди иқтидор расид. Зеро, минбаъд зиёд кардани иқтидори муҳаррик хеле афзун намудани вазну андозаҳои онро талаб мекард. Аз тарафи дигар, бо зиёд шудани суръати самолёт к. а. м.-и винти ҳавоӣ кам шуда, ба минбаъда инкишоф додани суръатҳои калон имкон намедод. Фақат дар натиҷаи ба вуҷуд омадани турбинаи газӣ ва муҳаррики реактивӣ барои сохтани самолёти суръати ҳаракаташ аз суръати садо зиёдтар шароит фаро расид. Вобаста ба сохт, намуд ва вазифа аппаратҳои париши авиатсионии гуногун муҳаррикҳои авиатсионии гуногунро талаб мекунанд (чӣ аз ҷиҳати иқтидору чи аз ҷиҳати принсипи бавуҷуд оварда ва қувваи кашиш). Аз ҷиҳати ба вуҷуд овардани қувваи кашиш муҳаррикҳои аваатсионӣ винтӣ ва реактивыӣ мешаванд. Муҳаррикҳои винтӣ қувваи кашишро дар натиҷаи ҷарх занондани винти ҳавоӣ ба вуҷуд меоранд. муҳаррики реактивӣ бошад, қувваи кашишро дар натаҷаи аз соплои реактивӣ бо суръати калон берун кардани гази кории тафсон ҳосил мекунад. Муҳаррикҳои авиатсио ни и винтӣ поршендор ва турбовинтӣ мешаванд. Дар Муҳаррики авиатсионии турбовинтӣ (МТВ), ки муҳаррики муштарак аст, қисми асосии қувваи кашишро винти ҳавоӣ ҳосил мекунад (онро турбинаи газӣ ҷарх мезанонад). Ғайр аз ин, аз ҳисоби ҷорӣ шудани маҳсули сӯзиш 8—12 % қувваи кашиши реактивии иловагӣ ба вуҷуд меояд.
Беҳтарин навъҳои такмилёфтаи муҳаррики авиатсионӣ поршендор суръати самолётро фақат то 690—720 км/с инкишоф дода метавонистанд. Онҳо суръати аз як бешро ба вуҷуд оварда наметавонанд, зеро массаи хосашон (массае, ки ба воҳиди иқтидор рост меояд) калон асту ба винти ҳавоӣ, ки бо калон шудани суръат к. а. м.-и он хурд мегардад, низ эҳтиёҷ доранд. Муҳаррики авиатсионии поршендор, одатан ба самолётҳову (суръаташон 200—500 км/с) вертолётҳо, Мушаррикҳои авиатсионии турбовинтӣ бошад, ба самолётҳои суръаташон 500—800 км/с ва вертолётҳо шинонда мешавад. Муҳаррикҳои авиатсионии реактивӣ ба муҳаррикҳои реактивии ҳавоӣ ва ракетӣ ҷудо шуда, муҳаррикҳои ракетӣ дар навбати худ ба муҳаррикҳои ракетии моеъӣ ва муҳаррикҳои ракетии сӯзишвории сахт тақсим мешававд. Муҳаррикҳои реактивии ҳавоӣ ду навъ мешаванд: компрессордор ва бекомпрессор. Маъмултарин ва комилтарин муҳаррикҳои реактивии ҳавоии компрессордор, ки компрессори он бо воситаи турбинаи газӣ чарх зананда мешавад, муҳаррики турбореактивӣ (МТР) мебошад.
Аввалин МТР, ки дар охирҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба вуҷуд омада буд, суръати самолётро то ба 960 км/с расонда тавонист. Қувваи кашиши МТР бо зиёд шудани суръат (аз суръати қарибуссадо сар карда) низ зиёд мешавад. Аз ин сабаб ҳам онро дар самолётҳои суръаташон карибуссадо ва фавқуссадо истифода мебаранд. Дар асоси муштарак кардани муҳаррикҳои турбореактивӣ ва турбовинтӣ муҳаррики турбореактивии дуконтура (МТРД) сохта шуд.
Дар ин навъ муҳарикхо турбина, ғайр аз компрессор, агрегатеро низ чарх мезанонад, ки онро вентилятор (винтча) мономанд. Контури якуми (дохилӣ ё марказии) ин навъ муҳаррикҳо ба сохти МТР монанд аст. Канали гирдогирде, ки атрофи контури якумро иҳота нашуда аст, бо вентиляторӣ дар пеши он ҷойгиршуда контури дуюми (берунии) муҳаррикро ташкил медиҳад. Қувваи кашиши МТРД аз ҷамъбасти қувваҳои кашиши контури якум, ки яун мухаррики турбореактивӣ кор мекунад ва кон- тури дуюм, ки чун муҳаррики турбовинтӣ амал мекунад, иборат аст. МТРД дар самолётҳои суръаташон қарибуссадо, масалан, самолётҳои пассажирӣ ва нақлиётӣ истифода мешавад. МТРД афзалиятҳои ҳам муҳаррикҳои турбореактивӣ ва ҳам турбовинтиро дар бар мегирад. Инкишофи минбаъдаи муҳаррики авиатсионӣ бо роҳи таъмин намудани суръати калону авҷи баланди парвоз, муттасил зиёд кардани борбардорӣ ва дурпарвозии самолёт пеш меравад, ки ин ба вуҷуд овардани Муҳаррикони авиатсионии қувваи кашишаш калон. масрифи сӯзишвориаш ҳаддалимкон кам, массаи хосаш хеле хурд ва захираи (муҳлати) кориаш хеле калонро талаб мекунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Скубачевский Г. С., Авиационные газотурбинные двигатели. М.,1974
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.