Муҷтаҳид (ар. مجتهد‎) — олиме, ки дар илми фиқҳ ба дарҷаи иҷтиҳод расида ва масоили шаръиро аз Қуръон истинбот кунад.

Таърих

вироиш

Дар асрҳои миёна илоҳиётшинос ё фақеҳеро мегуфтанд, ки оид ба масъалаҳои дину фиқҳ (иҷтиҳод) ҳукм мебароварданд ва нисбат ба дигарон афзалият ва ҳаққу ҳуқуқи махсус дошт. Масалан, асосгузорони чор мазҳаби суннӣ муҷтаҳид буданд. Дар садаи X вазифаи муҷтаҳидро қисман муфтиҳо иҷро мекарданд.

Дар равияи шиъа муҷтаҳид рӯҳонии олимақомест, ки обрӯ ва нуфузи хос дорад.