Мӯмиёӣ кардан
Мумиёкунӣ — маҷмӯи чорабиниҳост барои муддати дароз аз нобудшавӣ эмин доштани мурда (майит).
Барои аз пӯсиш ва вайроншавӣ нигоҳ доштан тамоми бофтаҳои ҷасадро бо маҳлулҳои антисептикӣ ва консервасиякунанда тар мекунанд. Мумиёкуниро ба мақсади таълимӣ, илмӣ, инчунин барои нигоҳ доштани ҷасади ашхоси барҷаста истифода мебаранд. Ин кор бо ду усул ба ҷо оварда мешавад. Яке аз онҳо ҷасадро барои муваққатан, дигаре барои дуру дароз нигоҳ доштан имконият медиҳад. Дар замонҳои қадим бо ёрии моеи рустаниҳои гуногуне, ки дорои хосияти аз пӯсиш нигоҳдорандаанд, ба ҷо оварда мешуд.
Таърих
вироишМумиёкунии мисрӣ
вироишАсосгузори мумиёкунӣ мисриёни қадим буданд, ки мувофиқи одати динӣ майитро нагуронида, мумиё мекарданд. Тарзи аниқи мумиёкунии мисрӣ то замони мо омада нарасидааст, фақат маълум аст, ки баъди тоза кардани узвҳои дарунӣ ва майнаи майит онро тар карда, ба матоъи махсус печонида, ширеш, санг молида, мехушконидаанд. Ин усул ранг ва ҳаҷми майитро зуд тағйир медод, вале ҷасад садҳо сол нобуд нашуда боқӣ мемонд.
Асрҳои миёна
вироишДар асрҳои миёна мумиёкуниро танҳо бо мақсади дар дахма нигоҳ доштан ё ба ҷои дур бурда гӯронидани майит истифода мебурданд. Барои мумиёкунӣ намаки симоб, пайвастҳои маргимуш, намаки руҳ, маҳлули глисерин, асетати калий, спирт ва дигар моддаҳои антисептикиро ба воситаи найчаҳои хунгузар ба организми майит мефиристоданд.
Ҳангоми тармими мақбараи Ҳазрати Шоҳ (шаҳри Истравшан) якчанд ҷасади мумиёӣ ёфт шуд, ки онҳо аз вуҷуд дошгани одати мумиёкунӣ дар Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ шаҳодат медиҳанд.
Мумиёкунӣ дар ибтидои садаи XX
вироишДар садаи XIX моеъҳои гуногун истифода мешуданд. Охири садаи XIX аз формалин истифода мебурдагӣ шуданд. Махсусан усули Н. Ф. Мелников-Разведенков (1893) диққати олимонро ба худ ҷалб намуд, ки мувофиқи он бофтаҳои майитро бо маҳлули форалин фиксасия намуда, бо спирти 96°, маҳлули глисерин, асетати калий тар карда, ҷасадро муддати дароз бетағйир нигоҳ доштан мумкин аст. Соли 1924 олимони советӣ В. П. Воробёв ва Б. И. Збарский усули нави мумиёкуниро кор карда баромаданд (минбаъд С. Р. Мардашев такмил дод), ки он барои мумиёкунии ҷасади Владимир Илич Ленин ва Г. Димитров бомуваффақият истифода шуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.