Мӯр (лот. Lymantria dispar) — кирминаи шапала­ки зараррасони кишоварзӣ. Махусусан ба буттаву дарахтон зарари калон ме­расонад.

Мӯр
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Lymantria dispar Linnaeus, 1758
Мутародифот
  • Phalaena dispar Linnaeus, 1758

Тавсифоти биологӣ вироиш

Шапалаки нарина ва модинаи мӯр бо рангу ҳаҷм ва сохти мӯйлабча аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Паҳноии боли шапалаки модина 9 см (наринааш 5 см), рангаш сафеди тира ё сафеди зардтоб; боли пеш хокистарии бӯртоб, боли ақиб — бӯр.

Густариш вироиш

Мӯр қариб дар тамоми Аврупо, Африқои Шимолӣ, арзҳои Осиё, Амрикаи Шимолӣ, собиқ кишварҳои Шӯравӣ паҳн шудааст.

Ҳаёт вироиш

Соле як бор меафзояд. Шапалакҳои мӯр одатан дар июл — август (дар районҳои ҷануб—июн) парвоз мекунанд. Онҳо якбора ҷуфт шуда (бештар дар қисми поёни тана ва шохаҳо ё дар ҷонҳои аз хок боруни решаи дарахтон, инчунин дар санг ва ғайра) тухм мегузоранд. Баъди 20—25 шаборӯз аз тухм кирмина ташаккул меёбад ва зимистонро дар даруни тухмпарда мегузаронад.

Зараррасониҳо вироиш

Мӯр ба бештар аз 300 намуди рустанӣ зарар мерасонад. Мӯр барги булут, момроз, дарахтони мева, сафедор, тӯс, зирфун, бедро нағз мехӯрад. Ҳангоми хурӯҷ мӯр барги дарахтонро пурра хурда, ба рустаниҳои алафӣ, ҳатто ба хушадорҳо ва саб­завот мегузарад. Дарахтони аз мӯр зарардида аз рушд монда, мева намебанданд. Дарахте, ки аз мӯр бори дуюм зарар дидааст, мехушкад.

Чораҳои мубориза вироиш

  • тухмҳои гузоштаи мӯрро аз дарахту рустаниҳо ҷамъ карда сӯзондан
  • ба тухми шапалаки мӯр пошидани равғанҳои минералӣ
  • ба танаи дарахтон ҳалқаи ширеши зиддимӯр молидан ва ба рустанӣ пошидани инсекти­сидҳо

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш