Мӯрд
Мӯрд (лот. Mȳrtus) — ҷинси рустаниҳои буттагӣ ё дарахтии ҳамешасабз аз оилаи мӯрдиҳо.
Мӯрд | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Myrtus L. | ||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишБаргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқаи дуҷинсаи актиноморфӣ ва ғуҷуммева дорад. Қариб 100 намудаш бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Америка ва қисман Авруосиё, Африқо, Австралия ва Зеландияи Нав мерӯяд.
Корбурд
вироишЯк намуди мӯрд (Myrtus communis)-po аз қадимулайём чун рустании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу поя ва қисмҳон дигари Myrtus communis равғани эфир дорад. Бинобар ин онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд.
Мӯрди соmunis-po дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ, Кавказ ва Қрим дар замини кушод, дар ноҳияҳои дигари мамлакат бошад, дар хонаю гулхонаҳо чун рустании ороишӣ кишт мекунанд.
Хосияти шифоӣ
вироишБарг, тухм ва меваи мӯрдро дар тибби халқии Ҳиндустон, Арабистон, Осиёи Миёна ва мамлакатҳои дигар чун дорувор кор мефармоянд. Ибни Сино марҳами баргу меваи мӯрдро барои табобати шикастагии устухон, зарбу лат, омос, захм, ҷӯшоби мӯрдро барои табобат аз заҳри мор ва дуди баргу пояашро барои табобати табларза истифода бурдааст. Ӯ мӯрдро чун воситаи косметикӣ (барои нест кардани озах, доғи кунҷитак, бӯи нохуши бадан ва ғайра) низ тавсия кардааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.