Мурча (лот. Formicidae) — як оилаи ҳашарот, ки ба қатори пардаболҳо мансуб буда, ба таври иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад.

Мӯрча
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Formicidae Latreille, 1802
Мутародифот
Formicariae
Номенклатурный тип
Зероилаҳо

Морфология

вироиш

Мурча хелҳои гуногуни морфологӣ (модина ва наринаҳои болдор, модонаи бебол — «малика», мурчаҳои коргар ва ғайра) дорад. Бадани Мурча аз cap, сина ва шикам иборат аст; пойҳояш се ҷуфт мебошанд; муйлабчаҳояш бориканд; рагдавонии болҳояш нопурра ё хеле сода; аксарашон бол надоранд. 9 (ё 10) зероила (360 ҷинс)-и Мурча, ки қариб 7000 намудро дарбар мегирад, дар мамлакатҳои тропикӣ, субтропики ва муътадили кураи Замин паҳн шудааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 300 намудаш аз 46 ҷинс ва дар Тоҷикистон қариб 50 на­мудаш (Мурчаи аспак, Мурчаи зард, Мурчаи маллаи бешагӣ ва ғайра) зиндагӣ меку­над.

Мурчаҳо гуруҳ-гуруҳ дар мурҷаҳонаҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мурҷаҳона одатан ба ғайр аз модина ва наринаҳои болдор як ё якчанд модинаи беболи тухмгузор («малика») ва бисёр мурчаҳои беболи коргар (модинаҳои аз ҷиҳати ҷинси инкишоф наёфта), ки табиатан ва аз рӯи сохти морфологи ба якчанд гуруҳҳо тақсим мешаванд (масалан, сари баъзе хелашон бисёр калон буда, «аскар»-ҳо ном доранд), ҳаёт мегузаронанд. Нарина ва модинаҳои болдор дар мурҷаҳона инкишоф меёбанд; дар фаслҳои гарми сол онҳо барои парвози ақд аз мурҷаҳона мебароянд; баъди ҷуфти ҷинсӣ нарина ҳалок мешавад, модина бошад, болашро гӯм карда, ба бунёд намудани мурҷаҳонаи нав шурӯъ мекунад. Модинаи беболи тухмгузор («мали­ка») тухм мегузорад. мурчаҳои коргар (дарозии танашон аз 0,8 то 30 мм) асосан дар мурҷаҳонаю берун аз он кор мекунанд. мурчаҳои саркалон («аскарҳо») вазифаи посбонии мурчахо­на ва тақсими сайдро ба ҷо меоранд.

Ҳаёти оилаи мурчаҳо хусусан мурчаҳои дараҷаи олӣ гуногун ва мураккаб аст. Асоси мавҷудияти оиларо мубодилаи ғизо дар байни фардҳо ва муносибати ҳамдигарии маликаи тухм­гузор ва мурчаҳои коргар ташкил ме- диҳанд. Баъзан якчанд оилаи мурчаҳо колонияи дӯстона ташкил намуда, якҷоя зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҷои зисташонро якҷоя муҳофизат мекунанд ва ба он ҷо мурчаҳои бегонаро омадан намемонанд. Ҳаёти як ҷатор мурчаҳо ба намудҳои муайяни рустаниҳо вобаста аст. Масалан, баъзеи онҳо

дар сӯрохиҳои кундаи дарахтҳо ло­на месозанд, баъзеи дигарашон бошанд, моддаҳое махсусе, ки рустаниҳо ҷудо мекунанд, мехӯранд. мурчаҳо барои ҳимояи худ моеъи сӯзонанда (кислотаи Мурча) ҷудо мекунанд. Хурокашон ғалладона, ҳашарот, шираи ширинчаҳо ва ғайраҳо мебошад. Аксари мурчаҳо ҳашароти фоидаоваранд. Масалан, мурчаҳои маллаи бешагӣ аз ҷинси Formisa дар биотсенози беша мақоми калон доранд; онҳо ҳайвонҳои бемуҳраи майдаро нобуд мекунанд. Вале баъзеи онҳо (мурчаҳое, ки хурокворӣ, чӯб ва ғайраро мехӯранд) ба хоҷагии халқ зарар мерасонанд.

Адабиёт

вироиш
  • Жизн животных, т. 3, М., 1969.

Сарчашма

вироиш