Муътабар Иброҳимова

(Тағйири масир аз Мӯътабар Иброҳимова)

Муътабар Иброҳимова (2 январи 1930, Конибодом — 18 майи 2008, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1958), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974).

Муътабар Иброҳимова
Таърихи таваллуд: 3 январ 1930(1930-01-03)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 8 май 2010(2010-05-08) (80 сол)
Маҳалли марг:
Касб: ҳунарпеша
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 8022669

Зиндагинома

вироиш

Соли 1947 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинободро ба итмом расонда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Ленинобод фаъолияти кориашро шурӯъ намуд ва чор даҳсола саҳнаашро обод кард. Эҳсосоти самимӣ ва табъи нозук имкон медоданд, ки симои қаҳрамононашро таъсирбахшу муассир офарад. Ҳама гуна образҳо — драмавӣ, фоҷиавӣ, мазҳакавӣ дар иҷрояш бо тамоми паҳлӯҳои бадеӣ ва хислатҳои фардиашон таҷассум меёфтанд.

Театр

вироиш

«Равшан ва Зулхумор», «Нурхон», «Фарҳод ва Ширин», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Модар нигарон буд», «Духтари кӯҳистон», «Гулсара», «Дили шоир», «Исёни арӯсон», «Супориши ЧК», «Отелло», «Рамаяна» муште аз хирвори намоишномаҳоанд, ки номбурда дар онҳо нақшҳои марказӣ бозидааст.

Синамо

вироиш

Аз ҳунари волояш дар филмҳои тоҷикии «Вақте ки осиё бозмонд», «Ғуломони сарсахт», «Сандуқ барои арӯс», «Гирдоб», «Агар дӯст дорӣ» ва ғайраҳо ҳам баҳра бурдаанд. Бо овози дилкашу ширадор сурудҳои халқию классикиро накӯ адо менамуд. Ба бис¬ёр давлатҳои хориҷӣ дар ҳайати санъаткорони театр сафар намудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Театр — маънои умри ман, Хуҷанд, 1999 (ҳаммуалиф).

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.