Наврӯзнома — китобест ба забони форсӣ мансуб ба Умари Хайём. Ин китоб дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз ва одоби он навишта шудааст.

Наврӯзнома

Муҳтаво

вироиш

Дар рисолаи «Наврӯзнома» — Умари Хайём нигориши равшангарона оид ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он оварда шудааст. Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.

Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳи биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Муъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз куҳи қоф баргузаранд.

Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод.

Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

— Наврӯзнома

Ва гӯянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ӯро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки (Офтоб) суббот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасид. Офтоб аз сари ҳамал бирафту осмон ӯро баргардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд. Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро.

Пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон рӯз бозрасид. Ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони асғарӣ» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ ки Офтоб давраи хештан сипари кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути (фаромадани) Зуҳал андар ӯст, қирон бувад бо муқобили ин бурҷи Мизон, Зуҳал андар ӯст, ки давр ин ҷо ва як давр он ҷо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари ҳамал равон шуду Зуҳалу Муштари бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизҳои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро аз баҳри он, ки ҳар кас ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, хар бахше си рӯз. Ва ҳар якеро аз он номе ниҳоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта, Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст.

Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзи аст, «Соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррами кардан ба аввали сол ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шоддӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд (давраи ҳукмфармоии сулолаи Сосониён солҳои 224 −651 дар Эрон дар назар аст). Ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рӯзгори Нуширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт: «Ин оин баҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан.

— Наврӯзнома

Мири Наврӯз

вироиш

Дар дарбори шоҳон низ ҷашни Наврӯз ба мисли мардуми омма пешвоз гирифта мешуд. Дар ин рӯз либоси дарбориён шакли хосае дошт ва дар тамоми маросими Наврӯз бо ин либоси расмӣ зоҳир мешуданд ва ҳадяҳои гуногунро аз сар то сари мамлакатҳои тобеи худ қабул мекарданд.

Умари Хайём дар ин хусус чунин овардааст:

«Оини мулуки Аҷам аз Кайхусрав то рӯзгори Яздигурди шаҳриёр охирин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст мубадони мубад пеши мулук омада, бо ҷоми заррини пурмай, ангуштарӣ, дираме ва динори хусравонӣ як даста хавиди (ғаллаву сабзаҷот) сабз ва руста, шамшере, тиру камоне, давоту қаламе, аспе, бозе, ғуломе ва хубрӯе ситоиш намудӣ ва ният кардӣ ӯро ба забони порсӣ. Ба иборати ишон ва чун мубадони мубад аз охирин пардохтӣ чошани кардӣ (чашидан) ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигараш ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ӯ бинҳодӣ ва бад-ин сон хостӣ, ки рӯзи Наврӯз ва Соли нав, ҳарчи бузургони аввал дидор бар он афкананд, то соли дигар шодону хуррам бо он чиз дар комронӣ бимонанд»

— Наврӯзнома

.

Зери мафҳуми «хубрӯе» Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанде дошта, ба некӯкорӣ маъруф буда, сурату зоҳири хеле зебо ва забони шевову ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо будан ва ба куҷо равона шудани ӯро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод.

Он шахс посух медод, ки

«аз сӯи ду ҷой, ки хайру баракат ва саодат дар он ҷо аст, меоям ва мехоҳам ба ҷое, ки саодат ва баракат вуҷуд дорад, биравам ва касе, ки пирӯз аст, маро ба ин ҷо овардааст. Номи ман Хуҷаста аст бо Соли нав омадаам ва барои подшоҳ армуғони саломат паём овардаам»

— Наврӯзнома

.[1]

Ин шахси хушқадам дар фарҳанги қадима бо номи «Фирӯз» ва ё «Мири Наврӯз» маъруф буд, ки дар айёми ҷашн ҷомаи сурхи арғувонӣ ба бар мекард ва чеҳраи сиёҳ дошт. Чеҳраи сиёҳ рамзи талхиҳо ва сиёҳиҳои рӯзгор буда, ҷомаи сурх маънои шодӣ ва сурурро дошт. Дар дасти ӯ доирае буд, ки маънои он «доираи зиндагӣ» буд. Вай армуғони осмониро аз ҳафт фуруҳар ва ё фариштаи осмонӣ, ки дар айёми Наврӯз ба шеваи рамз мутаҷаллӣ мешуданд, ба подшоҳ ва мардум мерасонд. Баъд аз шодбошӣ дар назди шоҳ як тангаи нуқра ва ё тиллоро, ки дар атрофи он ҳафт ғаллаворӣ қарор дошт, мегузошт. Донаҳое, ки дар таҳияи нон дохил мешуданд, дар атрофи нонҳо чида шуда буданд. Дар байни ҳафтшин шохае аз зайтун ё анор ҷой дода мешуд. Ҳар як шохаҳо дорои шаддаҳо буда, ҳар кадоми шохаҳо номи яке аз кӯзаҳои холӣ ба худ дошта буданд ва ин кӯзаҳое буданд, ки Мири Наврӯз бо ҳамроҳи худ онҳоро ба дарбор оварда буд. Мири Наврӯз хӯрданиҳоро аз суфраи ҳафтшин мехӯрд ва сипас барои саломатӣ ва иззати шоҳ дуо мекард. Дар бисёр аз матнҳои куҳан аз Мири Наврӯз номбар шуда, ӯро шахси мазҳакабоз ва масхарабоз низ меномиданд. Ҳангоми наздики шоҳ омадан вайро ҳатман ба тахт мешинонданд ва дар айёми Наврӯз вай ба салтанати чандрӯза мерасид. Ба ибораи дигар шоҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ қудрати давлатдориро ба дасти Мири Наврӯз медод. Мири Наврӯзӣ ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиши бозгашти Мири Наврӯзӣ аз набард ва шикаст додани душманон буд. Мардум ӯро бо таблу карнай истиқбол мекард.

Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ Мири Наврӯзӣ то поёни «сездаҳ бадар», ки рӯзи охирин ҷашни Наврӯз аст, дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврӯзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард. Мири Наврӯзӣ ба ҳар хонае, ки мехост, ворид мешуд, зеро дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд. Ба ҳар хонае, ки мерафт, бояд соҳиби хона ба ӯ ҳадяе медод ва ба таноби дасташ туҳфае овезон мекард. Дар ин айём агар духтари бахтбаргашта дар хонае мебуд, бо наздик шудани Мири Наврӯзӣ ба он хона, духтар дар утоқе пинҳон шуда, гиреҳҳое бар миёни (чорқади) хеш мезад. Модари духтар аз хона берун омада, кӯдаки ноболиғеро аз ҳамроҳону корвони Мири Наврӯзӣ ба дохили хона мебурд, то он гиреҳҳоро кушояд. Ин худ рамзи кушоиши бахти духтарон буд. Дар ин рӯз духтарони ба балоғат расида аз Аҳурамаздо дуо талаб мекарданд, ки бахташон сафед ва соҳиби хонадони босаодат гарданд.

Мувофиқи эътиқоди куҳан аввалин касе, ки дар бомдоди иди Наврӯз бояд ба хонаҳояшон ворид мешуд, ин марди хушқадам буд. Вай баъд аз ворид шудан бояд дубора аз дари хона берун мешуд ва аз нав ба хона боз мегашт. Далели ин расму оин аз он иборат буд, ки дар фарҳанги гузашта мардон таъминкунандаи рӯзгори хонавода ва рамзи рӯзиву баракат маҳсуб мешуданд. Пас вуруди онҳо нишонаи ин буд, ки то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат дар ин хона бошад. Саҳнаи рафтани мард ва дубора бозгаштани вай ба хона низ рамзе аз рафту бозгашти ризқу толеъ ба хонадон аст. Ба ибораи дигар бо ин рафтори рамзӣ то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат аз ҳамон даре, ки мард даромада меояд, меравад ва боз мегардад.

Хешу табори шоҳ, роҳбарони воломақом ва фармондеҳони артиш дар рӯзи чаҳорум ба назди вай даъват мешуданд. Аъзои хонадон ва фарзандону наздикони шоҳ дар рӯзи панҷум ба дидори шоҳ ва пазироии Наврӯз мерафтанд. Рӯзи шашуми Наврӯз шарафёбии надимон ва мушовирон аз дарбор буд. Аз бомдоди иди Наврӯз то шомгоҳи дувоздаҳуми фарвардин аъзои оила ба дидори якдигар мерафтанд. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.[1]

Нигаред низ

вироиш