Наврӯз Гулзода (3 январи 1949, деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, номзади илмҳои филология (2009).

Наврӯз Гулзода
Наврӯз Гулзода
Таърихи таваллуд 3 январ 1949(1949-01-03) (75 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, маорифи ноҳияи Ванҷ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1966—1967 дар колхози зодгоҳаш кор кардааст. Солҳои 1968—1970 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1970—1984 муаллими синфҳои ибтидоӣ, роҳбари тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, ташкилотчии корҳои беруназсинфӣ ва мудири қисми илмии мактаби миёнаи № 20 ноҳияи Вахш, 1971—1976 донишҷӯи факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1984—1987 ҳамчун мудири кабинети забон ва адабиёти Институти такмили ихтисоси муаллимони вилояти Қурғонтеппа, 1987—1993 муаллими кафедраи педагогика ва кафедраи навтаъсиси забон ва адабиёти филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар ш. Қурғонтеппа, 1993—1995 нозири калони шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ, 1996 муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи № 24 ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз соли 1997 то ба имрӯз муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, се монография ва 6 маҷмуаи ашъор мебошад. Оид ба категорияи соҳибият дар забони тоҷикӣ тадқиқоти илмӣ ба анҷом додааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) мукофотонида шудааст.

  • Ифодаи соҳибият дар забони тоҷикӣ. — Д., 2009;
  • Ҳисори сухан (Маҷмӯаи ашъор. — Д., 2009;
  • Дар ҷавоби дил (Маҷмӯаи ашъор).  — Д., 2009;
  • Кокули оташ (Маҷмӯаи ашъор).  — Д., 2009.
  • Шуълаи меҳр. — Д.,2010.
  • Фарҳанги тоҷикӣ-испанӣ - испанӣ тоҷикӣ.— Д.,2011;
  • Тематический словарь русско-таджикский и таджикско русский соответствии. — Д.,2015;
  • Разговорник таджикско – русский и русско – таджикский соответствии. — Д.,2015, 2019;
  • Муҳовараи русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ русӣ. — Д.,2018;
  • Навои қалам» (Мунтахаби ашъор). — Д., 2019,
  • Латофати ишқ. — Д.2020.[1]

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ