Надок
ҷангал дар Тоҷикистон
Надок — ҷангал дар шимоли ноҳияи Ашт. Асосан арчазор. Сафедор, бед, арча, мурӯди кӯҳӣ, зирк ва дигар наботот низ бисёр аст. Масоҳаташ зиёда аз 5000 га. Дар ҷануб бо деҳаи Мулломир, дар шарқ бо деҳи Понғоз, дар шимолу ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамҳудуд аст. Сойи Мулломир (Кандир) аз чашмаҳои ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Номи дараҳояш: Шарилоқ, Қаранқӯл, Йесиркап, Алоқусуроқ, Чарбӣ, Андузлӣ, Эшбойсо, Дилвайрон ва ғ.
Ҷангали Надок аз тарафи хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев муҳофизат ва нигоҳубин карда мешавад.
Сарчашма
вироиш- Работники охраны природы и окружающей среды Аштского района.(пайванди дастнорас)