Назар Сафарович Расулов (тав. 05.12.1942, деҳаи Саридашти ноҳияи Рашт) — олим, номзади илмҳои химия (1979), дотсент (1983). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994)

Назар Расулов
Назар Сафарович Расулов
Таърихи таваллуд 5 декабр 1942(1942-12-05) (82 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ химия
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1962–1970 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1980–1996 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1996 ба дигар муассиса ба кор гузаштааст. Соли 1985 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлати Қазоқистон, соли 1990 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Украина буд. Зиёда аз 30 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ ба нашр расонидааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994) ва раҳматномаҳои раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардидааст.

Пайвандҳо

вироиш