Назар Худоиев
Назар Худоиев (тав. 15.02.1931, ноҳияи Дарвоз), географ, номзади илмҳои география (1969), дотсент (1976).
Назар Худоиев | |
Таърихи таваллуд | 1931 |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | номаълум |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | география |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСоли 1957 факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1961–1964 дар аспирантура таҳсил намудааст. Солҳои 1964–1975 лаборанти калон, муаллим, муаллими калон, 1976–1982, 1992–1998 дотсент ва мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Мавзӯи корҳои илмию тадқиқотии ӯро масъалаҳои географияи табиӣ ва захираҳои обӣ ташкил медиҳанд. Дар конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо медали «100-солагии зодрӯзи В.И. Ленин» ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст.